Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон мурофиаи судии парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди собиқи ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадулло Идиев, ки дар марги Толибҷон Дӯстови боздоштшуда дар соли 2017 даст дошт, ба поён расид. Суд Идиев М.-ро бо моддаи 316 қисми 3 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки боиси оқибати вазнин гардидааст) гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1400 (як ҳазору чорсад) нишондиҳанда, баробар ба 105 000 (яксаду панҷ ҳазор) сомонӣ ҷарима таъин намуд.
Хонаводаи Толибҷон Дӯстов ва адвокати онҳо ҳукми судро сабук арзёбӣ мекунанд ва ба суди болоӣ шикояти кассатсионӣ бурда, ҷазои сахттар талаб кардаанд. Дар моддаи мазкур ҷазо дар шакли ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаи мансабӣ пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 25-уми июли соли 2017 Дӯстов ҳангоми “хариди санҷишӣ” аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Ба гуфтаи шоҳидон, ӯро дар наздикии як фурӯшгоҳ боздошт карда, латукӯб ва маҷбуран ба мошини сиёҳшиша савор кардаанд. Ӯро аллакай бидуни нишонаи ҳаёт ба беморхона расонидаанд. Дар бадани ӯ аломатҳои зиёди шиканҷа пайдо шуданд: гематомаҳои калон, осеби гӯш ва ҷароҳатҳои дигар. Бо вуҷуди шикоятҳои зиёди хонавода ва адвокатҳо, ташхиси ҷасад бидуни огоҳсозии хешовандон сурат гирифт ва натиҷаи он муддати тӯлонӣ ба таври оммавӣ нашр нашуд. Ҳарчанд дар ин амалиёт дастикам се корманди милитсия иштирок карда буданд, танҳо як нафар - Маҳмадулло Идиев ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шуд. Прокуратура сарфи назар аз он, ки шоҳидон шахсияти онҳоро тасдиқ карданд, аз боз кардани парванда нисбати дигарон худдорӣ намуд.
Моҳи августи соли 2017 дар мурофиаи аввал айбдоркунандаи давлатӣ барои Идиев 9 соли зиндон талаб карда буд. Аммо судшаванда пинҳон шуда, суд барои тағйир додани чораи пешгирӣ чорае надид. Ӯ давоми 8 сол дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.
Моҳи апрели соли 2025 Маҳмадулло Идиев ҳангоми бозгашт аз Русия дар фурудгоҳ айни убури марзи давлатӣ боздошт шуд. То анҷоми мурофиа ӯ дар тавқифгоҳи тафтишотии шаҳри Бохтар нигаҳдорӣ мешуд.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз соли 2017 ба ин сӯ парвандаи Дӯстовро пешбарӣ карда, ба хонаводаи ӯ кумаки ҳуқуқӣ мерасонад ва дар марҳилаи кунунии кассатсионӣ дастгириро идома медиҳад.