Салимҷон Сайфуллоев: барои вохӯрӣ бо зерҳимояҳо маҳдудият ҷой надошт

Нимаи моҳи июли соли ҷорӣ намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар робита ба мавҷи навбатии сирояти коронавирус дар муассисаҳои ислоҳотии кишвар ягон маҳдудият ҷорӣ карда нашудааст. «Мулоқот бо хешовандону адвокатҳо бо тартиби қаблӣ амалӣ карда мешавад. Талаботи ягона барои боздидкунандагон - ин мавҷудияти тести манфии коронавирус ва риояи меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ аст»,- зикр намуд манбаъ. Пас, оё адвокатҳо дар таҷрибаи худ ҳангоми фаъолиятҳояшон мавҷуд набудани маҳдудиятро мушоҳида мекунанд? Дар ин маврид бо назари адвокат Салимҷон Сайфуллоев ошно шавед:

- Дар давраи пандемия аз ҷониби зерсохторҳои СРИҶҶ ВА ҶТ барои адвокатҳо ҳангоми ворид шудан ба муассисаҳои СРИҶҶ ВА ҶТ ва вохӯрӣ намудан бо зерҳимояҳо ягон маҳдудият ҷой надошт. Танҳо талаб карда мешуд, ки ниқоби тиббӣ пӯшида шавад. Вақт ва шумораи вохӯриҳо низ маҳдуд набуд.

Барои хешовандони шахсони дар муассисаҳо нигоҳдоришаванда барои вохӯрӣ натиҷаи тести коронавирус талаб карда мешуд.

NoTorture.Tj