Шикояти адвокати Карамхудоев нисбати муфаттиши Прокуратураи генералӣ

Шикояти адвокати Карамхудоев нисбати муфаттиши Прокуратураи генералӣ

Зебо Қосимова, ҳимоятгари раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев, барои ба даст овардани нусхаи ташхиси судиву тиббии зерҳимояи худ кӯшиш дорад. Ин ташхис маҳз бо дархости ӯ санаи 4-уми октябр дар тавқифгоҳи муваққатии Душанбе дар ҳузури намояндагони КДАМ ва Прокуратураи генералӣ гузаронида шуда буд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Зебо Қосимова изҳор намуд, ки сарфи назар аз чандин маротиба дархост намудан, муддати як моҳ муфаттиш ба ӯ имкон надодааст, ки бо хулосаи ташхис шинос гардад.

«Санаи 1-уми ноябр муфаттиши Прокуратураи генералӣ барои шиносоӣ хулосаро ба ман пешниҳод кард, вале ба нусхабардории он барои худам иҷозат надод»,- гуфт вай.

Ба қавли адвокат, ӯ ин амалро беасос шуморида, аз болои муфаттиш ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурдааст ва санаи 15-уми ноябр дар посухи худ Прокуратураи генералӣ ин амали муфаттиш С. Султоновро дуруст арзёбӣ намудааст.

«Ман ба ин посухи Прокуратураи генералӣ розӣ набуда, мувофиқи моддаҳои 119-120-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии кишвар аз болои он шикоят хоҳам овард»,- афзуд Зебо Қосимова.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи ноябри соли равон пас аз ташхиси судиву тиббӣ коршиносон ба хулоса расиданд, ки ҷароҳатҳо дар ҷисми раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ Шерик Карамхудоев осори шиканҷа набуда, бар асари афтидани ӯ пайдо шудаанд.

Тибқи иттилоии пешакии ҳимоятгарон, Карамхудоев мутобиқи моддаҳои 187 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад.

Дар изҳороти интишоршуда санаи 29-уми август аз ҷониби Прокуратураи генералии ҶТ, Ш. Карамхудоев дар муқовимати мусаллаҳона ба нерӯҳои ҳукуматӣ зимни рӯйдодҳои ахири Хоруғ муттаҳам дониста мешавад.

Азия-Плюс