10 вохӯрӣ, зиёда аз 500 иштирокчӣ-милитсионерҳо: Эътилоф вохӯриҳои иттилоотониро оид ба ҳуқуқи боздоштшудагону маҳбусон идома медиҳад

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсилаи вохӯриҳои иттилотониро барои кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудагон ва нафароне, ки дар ҳабс қарор доранд, идома медиҳад.

Аз 10-уми март то 15-уми апрели имсол 10 вохӯрии иттилоотонӣ гузаронида шуд: ШВКД Фирдавсӣ-2 ва ШВКД Сино-2 (10-уми март), ШВКД Рӯдакӣ ва ШВКД Ҳисор (17-уми март), ШВКД Шаҳринав ва ШВКД Турсунзода (7-уми апрел), ШВКД Файзобод (8-уми апрел), ШВКД Темурмалик ва ШВКД Данѓара (14-уми апрел), ШВКД Роѓун (15-уми апрел).

Мақсади чорабинӣ пешниҳоди маълумот дар бораи стандартҳои асосии ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, ҳуқуқи боздоштшудагон ва нафарони дар ҳабс қарордошта; дар бораи таѓйироту иловаҳо ба қонунгузории ҶТ оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудагон; дар бораи фаъолияти мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо мақсади огоҳонидан аз шиканҷа; дар бораи зӯроварӣ дар оила (ҳангоми вохӯриҳои иттилоотонӣ дар вилояти Суѓд); дар бораи раванди гузаронидани ислоҳоти милитсия (ҳангоми вохӯриҳои иттилоотонӣ дар ВМКБ) ба шумор меравад.

Ташаббускори гузаронидани вохӯриҳои иттилоотонӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва гуруҳи мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон буданд.

То имрӯз шумораи иштирокчиёни вохӯриҳо ба зиёда аз 500 нафар расидааст. Ба ҳайси тренерҳо сардори шуъбаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва адвокат, узви Эътилоф Гулчеҳра Холматова иштирок карданд.

Дар вохӯриҳо масоиле аз қабили тартиби гузаронидани боздошт, шарҳи ҳуқуқҳои боздоштшудагон, қайд дар китоби боздоштшудагон, масъалаи шаҳодаткунонии тиббӣ, тартиби таҳияи протокол оид ба боздошти шахс ва ѓайра баррасӣ гардиданд.

Таѓйироту иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ ва Қонун «Дар бораи тартиби нигоҳ доштани гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон дар ҳабс» аз соли 2016 баррасӣ шуданд. Ин таѓйиротҳо ба қонунгузорӣ дар пайи иҷрои тавсияҳои мақомоти СММ қабул гардида, ба бартараф намудани монеаҳо дар пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар системаи адолати судии ҷиноятӣ дар Тоҷикистон равона карда шудаанд. Дар таѓйирот ба КМҶ аз ҷумла ташхиси тиббии ҳатмӣ пеш аз ҷойгир намудани гумонбаршуда дар тавқифгоҳи муваққатӣ ба хотири муайян намудани вазъи саломатии ӯ дар назар дошта шудааст. Дар ин ҳол, адвокат метавонад гузаронидани ташхиси тиббиро аз ҷониби таҳлилгари мустақил талаб намояд.

Иштирокчиён муҳимияти мунтазам гузаронидани чорабиниҳои иттилоотониро барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ (як маротиба дар як моҳ), васеъ намудани фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷаро дар минтақаҳои муайян, гузаронидани тренингҳоро дар мавриди озодӣ аз шиканҷа барои кормандони ВКД бо шумули нозирони минтақавӣ зикр намуданд.

Роҳбарони шуъбаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии корҳои дохилӣ омӯхтани тартиби боздошт ва стандатрҳои таҳқиқи шиканҷаро барои кормандони милитсия муҳим шумориданд.

NoTorture.Tj