Article Pages

Як сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара иддао дорад, ки писари мактабхонашро корманди пулис дар дохили синфхона латту кӯб кардааст. Назари худи корманди милиса ба ин иддао маълум нест. Мақомоти корҳои дохилӣ иттиҳом нисбати ҳамкорашонро рад карда мегӯянд, дар ҳолати пешниҳоди номаи расмӣ суҳбат хоҳанд кард. Омбудсмени кӯдак мегӯяд, қазияро пайгирӣ мекунад. Ҳодиса рӯзи 16-уми сентябр замоне сар...

27.09.2019 - 08:16

Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон санаи 26-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе чорабинӣ мегузаронанд. Модератории чорабинии мазкурро, ки таҳти унвони «Ташаббуси глобалӣ оид ба ҳисоботдиҳӣ: муносибати бераҳмона нисбати шахсони таҳти боздошт қарордошта: қонунгузорӣ, таҷриба, роҳҳои ҳал» баргузор мешавад, раиси Иттифоки...

26.09.2019 - 16:13

Мунисахон Тағоева як моҳ аст, ки барои фаҳмидани омилони марги фарзанди сарбозаш дар ба дари мақомот мегардад. Намояндагони Вазорати дифоъ мегӯянд, фарзанди Тағоева ҳангоми хизмати сарбозӣ аз зарби тир ба ҳалокат расидааст, вале танҳо тафтишот муайян мекунад, ки ҳодиса чӣ гуна рух дод. Мунисахон Тағоева, модари Ҳадятулло Ализода, сарбози собиқи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, мақомот то ҳол...

23.09.2019 - 22:38

2-юми сентябри соли 2019 Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо адвокатҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ гузаронд. Дар вохӯриҳо масоили омӯзонидани механизмҳои миллӣ ва байналмилалии мубориза бар зидди истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин механизмҳои кӯмак ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона баррасӣ шуданд. Ҳамзамон,...

11.09.2019 - 20:15

Қурбоналӣ Ҳакимов, сарбози 23-солаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, иддао дорад, ки ҳангоми хидмат як сарбози аз худаш бузургтар ӯро латту кӯб карда, "устухони пешониашро шикастааст". Ҳакимов дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) хидмат мекунад ва моҳи ноябри соли 2018 ба артиш бурда шудааст. Талоши мо барои донистани асли қазия аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ ва Додситонии ҳарбии Тоҷикистон то ин...

11.09.2019 - 20:06

Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ  дарТоҷикистон, тамоми тоҷиконро бо 28 солагии истиқлолияти давлатӣ табрик менамояд!  Мо ба ҳама орзуи осмони соф, иҷрои ҳамаи хоҳишҳо, шукуфоӣ ва осудагии оиларо мехоҳем. Саломату сарбаланд бошед!                  

09.09.2019 - 09:09

Муҳтарам Бобоҷон Ҷамолзода! Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шумо ва кулли ҳайати шахсии Гвардияи Миллиро ба муносибати иди касбӣ - Рӯзи Гвардияи Миллӣ табрик мегӯяд. 3-юми сентябр аз рӯзи таъсиси Гвардияи Миллии Тоҷикистон 24 сол пур мешавад ва мо якҷоя бо Шумо хотираи хизматчиёни ҳарбиеро, ки ҳангоми иҷрои қарзи хизматиашон дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии...

03.09.2019 - 09:58

24-уми августи соли 2019 Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо адвокатҳои шаҳри Панҷакент вохӯрӣ гузаронд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили омӯзонидани механизмҳои миллӣ ва байналмилалии мубориза бар зидди истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона мавриди баҳс қарор гирифта, механизмҳои кӯмак ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона баррасӣ гардиданд....

29.08.2019 - 14:26

Ду маъмури милиса, ки ба шиканҷаи сокини Душанбе Умед Ҳикоятов муттаҳам буданд, ба ҷойи кори худ баргаштаанд. Яке сардор ва дувумӣ корманди як шуъбачаи идораи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ шудааст. Вакили мудофеи Ҳикоятов ин тасмимро нодуруст номид ва гуфт, ба Додситонии кул шикоят мекунад. Як манбаъ дар мақомоти умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки...

27.08.2019 - 12:46

Алиҷони 15-сола, сокини ноҳияи Варзоб, ки дар куштори ду нафар муттаҳам мешавад, ба пайвандонаш гуфтааст, ӯ  таҳти шиканҷаву таҳдиди кормандони пулис гуноҳро ба гардан гирифтааст. Алиҷони 15-сола, сокини ноҳияи Варзоб, ки дар куштори ду нафар муттаҳам мешавад, ба пайвандонаш гуфтааст, ӯ таҳти шиканҷа ва таҳдиди кормандони милиса гуноҳро ба гардан гирифтааст. Пайвандони Алиҷон Ализода,...

26.08.2019 - 14:58

Страницы