Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар давраи пандемияи COVID-19 аз ҷониби фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ба кӯдаконе, ки дар муассисаи ислоҳотӣ барои ноболиғони Я/С 3/12 СРИҶҶ ВА ҶТ адои ҷазо мекунанд, ба кормандони ин муассиса, инчунин ба шахсони аз шиканҷа зарардида ва аъзои оилаҳои онҳо кумак расонида шуд.
Аз ҳисоби воситаҳои ташкилот ва ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» воситаҳои гигиенӣ (собун, шампун, хамираи дандоншӯӣ), воситаҳои муҳофизатӣ (ниқобҳо, антисептикҳо), инчунин ҳароратсанҷҳо ва доруворӣ муҳайё гардидаву ба кӯдаконе, ки адои ҷазо мекунанд ва ба кормандони ин муассиса тақсим карда шуд.
Ба шахсони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо воситаҳои муҳофизатӣ (ниқобҳо, антисептикҳо), инчунин доруворӣ ва витаминҳо тақсим карда шуд.
Миёни шахсони аз шикаҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо ва кӯдаконе, ки дар муассисаи ислоҳотӣ барои ноболиғони Я/С 3/12 СРИҶҶ ВА ҶТ адои ҷазо мекунанд, ба миқдори 14 қуттӣ (дар ҳар қуттӣ 8 маҷмӯаи маҳсулоти шӯрбо) маҳсулоти хушки шӯрбо тақсим карда шуд. Кумаки мазкур аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Авесто” дар доираи барномаи USAID - «Ғизо ба хотири оянда» дар Тоҷикистон расонида шуд.