МАРКАЗИ МУСТАҚИЛ ОИД БА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН СЕМИНАРИ ДУРӮЗА ДОИР НАМУД

Дар доираи семинари омўзишие, ки рўзҳои 17-18-уми августи соли 2020 дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) баргузор гардид, ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, то оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матолиби иттилоотӣ омода намоянд.

Дар ин силсила ба таваҷҷуҳатон матолиби аз ҷониби иштирокчиёни семинар омодашударо пешкаш месозем.

Рӯзҳои 17-18-уми августи соли равон бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» дар Осоишгоҳи «Сатурн»-и шаҳри Ҳисор дар доираи лоиҳаи «Тақвияти пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» ва «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022» бо ҷалби намояндагони ВАО, марказҳои матбуотӣ, сохторҳои кор бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои давлатии кишвар дар мавзӯи «Ҳамкорӣ ва такмили малакаҳо вобаста ба инъикоси озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона» семинари дурӯза баргузор гардид.

   Тибқи иттилои ташкилкунандагон, ҳадафи семинар баланд бардоштани малака ва такмили ихтисоси кормандони марказҳои матбуотӣ, масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатии кишвар, инчунин рӯзноманигорон дар самти озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф мебошад.

   Ба иштирокчиёни чорабинӣ стандарти байналмилалӣ ва миллӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона муаррифӣ гардида, коршиносон дар бораи иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022» мубодилаи афкор намуданд. Дар баробари ин, ба иштирокчиён дар бораи фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маълумот дода шуд.

   Ба иштирокдорони семинар Шоира Давлатова-сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» вобаста ба заминаи ҳуқуқии иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалии озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона, фаъолияти Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Абдураҳмон Шарипов-аъзои Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Консепсияи шиканҷа ва муносибати бераҳмона (қонунгузории миллӣ)» ва меъёрҳои қонунгузории миллӣ, инчунин мавқеи ҷомеа ва ВАО дар паҳн кардани иттилоот, Гулчеҳра Раҳмонова-роҳбари Гурӯҳи офиятбахши Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, сарвари иҷроияи ТҶ “Ташаббуси ҳуқуқӣ” оид ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ва адолат барои кӯдакон, механизмҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин оид ба гурӯҳи офиятбахшӣ, Эҳсон Сафарзода-сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм вобаста ба мубориза бо зӯроварӣ ва дигар шаклҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф дар соҳаи маориф, Фазлиддин Хоҷаев-аъзои Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон вобаста ба принсипҳои расонаӣ намудани иттилоот оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона, Гулчеҳра Холматова- роҳбари Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ, сарвари иҷроияи ТҶ «Дунёи ҳуқуқ» вобаста ба фаъолият ва намудҳои хизматрасонӣ аз ҷониби Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, Дилрабо Самадова-сарвари иҷроияи «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшудагон, Парвина Наврӯзова-ҳамоҳангсози ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» вобаста ба татбиқи стандартҳои Протоколи Истанбул ва таърихи қабули ин ҳуҷҷат ҳамчун дастур оид ба тафтишоти самаранок ва ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф суханронӣ намуда, доир ба ҳар мавзӯи алоҳида ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас доданд.

   Дар охири чорабинӣ иштирокчиёни семинар имкониятҳои ҳамкориҳои минбаъда ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, бо истифода аз донишу малакаҳои ҳосилшуда барои дар сомонаҳои ВАО ва вебсайти Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҷойгир кардан маводи иттилоотӣ таҳия намуданд.

Маркази матбуоти 

Вазорати маориф ва илми 

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Имло ва мавқеи муаллиф ҳифз шудааст.

Матлаби мазкур дар доираи семинари  омўзишӣ барои рўзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисон оид ба робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ дар мавзўи "Ҳамкорӣ ва такмили малакаҳо дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона" дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амал оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблаѓгузорӣ шудааст ва "Пешбурди ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона" бо дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад омода гардидааст.

Мaorif.tj