Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додситонии ҳарбии Суғд таҳқиқи худкушии Комил Хоҷаназаров, сокини ноҳияи Ашт ва узви собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро анҷом дода, барои баррасӣ ба Додгоҳи ҳарбӣ фиристодааст. Хоҷаназров соли гузашта баъди боздошту раҳоӣ аз тарафи маъмурони милисаи вилоятӣ худкушӣ кард.
Як манбаи наздик ба тафтишот рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи ҳарбии Суғд ба омӯзиши парванда машғул аст ва рӯзҳои наздик ба муҳокимаи он хоҳад пардохт. Ба қавли манбаъ, дар доираи парвандаи худкушии Комил Хоҷаназров, алайҳи ду корманди Шуъбаи корҳои дохилии вилояти Суғд ва як корманди Шуъбаи амнияти ноҳияи Ашт бо иттиҳоми “шиканҷа”, “ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан” ва “аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё суд маҷбур сохтан ба додани нишондод” айб пешниҳод шудааст.
Манбаъ ба далели зери муҳри махфӣ ҷараён доштани таҳқиқи парванда аз боздоштшудаҳо ном набурд. Аммо гуфт, як милисаи муттаҳам қабл аз боз шудани парванда фирор карда, ҳоло таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад. Ду гумонбари дигар аз моҳи март боз ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.
Ҳодисаи худкушии Комил Хоҷаназарови 31-сола, сокини шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашт ва узви собиқи ҲНИТ баъд аз он ошкор гардид, ки навори пеш аз худкушии ӯ бо садояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд.
Комил Хоҷаназаров дар як навори пеш аз худкушиаш нақл кард, ки замони дар боздошт будан шиканҷа шуд ва маъмурони милиса танҳо баъди гирифтани маблағ раҳояш карданд. Инчунин, ба нақли ӯ, маъмурони милиса баёноти ӯро, ки соли 2014, яъне дар замони фаъолияти қонунии ҲНИТ ба сафи ин ҳизб даъват шуда буд, бо зӯру шиканҷа ба соли 2016, яъне пас аз як соли баста будани ин ҳизб иваз кардаанд.
Ин сокини ноҳияи Ашт дар навори пеш аз худкушиаш нақл кардааст, ки бо ин ҳам азобаш поён наёфт ва маъмурони милиса ҳар дафъа ба бозпурсӣ даъват карда, таҳти фишору шиканҷа қарор медоданд.
Пас аз сайри ин навор аввали соли равон дар интернет мақомот мақомот ҷасади ӯро аз қабр берун ва аз нав ташхис карданд. Баъди ошкор шудани изу аломатҳои шиканҷа парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардид. Дар пайи ин ҳодиса Парвин Комилов, сардори шуъбаи амният дар ноҳияи Ашт аз кор сабукдӯш гардид. Ҳоло вазифаи ӯро муваққатан як корманди раёсати кумитаи амнияти вилояти Суғд иҷро мекунад.
Моҳи апрел манобеъ аз боздошт ва бозпурсии 4 афсари милиса ва ду корманди амният дар робита ба боздошту шиканҷаи Комил Хоҷаназаров хабар доданд, ки яке аз онҳо Латиф Юлдошев, масъули Шуъбаи кофтукоби ҷиноии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аст. Дар ҳоли ҳозир Латиф Юлдошев ҳамроҳи ду айбдоршавандаи дигар: як ҳамкори собиқаш ва як корманди собиқи шуъбаи амнияти ноҳияи Ашт дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад.
Вакили дифоъ Бахтиёр Насруллоев аз ӯ ҳимоят мекунад. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми май гуфт, айби “шиканҷа”–ро, ки нисбат ба зерҳимояаш эълон кардаанд, беасос медонад ва Юлдошев дар шиканҷаи Комил Хоҷаназаров даст надошт.
Ин вакили дифоъ афзуд, ба сабаби “махфӣ” будани парванда ҷузъиёти аз ин бештарро дар ҳимояти зерҳимояаш дар толори додгоҳ баён хоҳад кард. Ҳодисаи худкушии сокини ноҳияи Ашт - Комил Хоҷаназаров баъд аз боздошти мақомот аз камшумор мавридҳои дар шиканҷаи сокинон айбдор эълон кардани афсарони милисаву амниятӣ аст.
Ӯ, ба қавли наздиконаш, дар ягон донишгоҳ таҳсил накарда, соли 2014 ба сафи ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ пайваста, соли 2015, пеш аз онки ҳизб расман аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эълон шавад, тарк карда будааст. Ӯро мақомоти милиса тобистони соли 2017 ҳамроҳи 15 узви пешини ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ боздошт ва пас аз чанде озод карданд.
Аммо рӯзи 28-уми август, як рӯз пеш аз онки ба бозпурсии дубора ба Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, биравад, даст ба худкушӣ зад. Аксари онҳое, ки дар ноҳияҳои Суғд боздошт мешаванд, барои бозпурсӣ ва баррасии парвандаашон ба Хуҷанд интиқол меёбанд.
Мурод Хоҷаназаров, падари Комил Хоҷаназаров, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ моҳи марти имсол гуфта буд, ки ташхиси ҷасад шиканҷа шудани фарзандашро нишон додааст. Ӯ мегӯяд, Комил фарзанди дувуми хонавода буд ва дарди аз даст доданаш хеле сахт аст. “Ҳар падаре, ки писарашро гум мекунад, чӣ эҳсос дорад? Фарзандро калон мекунӣ, аммо кор як рӯз ба ин шакл тамом мешавад. Азият мекашед”, - афзуд ӯ.
Мурод Хоҷаназаров бо ду писару як духтари дигараш дар шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашт, зиндагӣ мекунад.