3 соли ҳабси ҷавоне, ки шикамашро буридааст

3 соли ҳабси ҷавоне, ки шикамашро буридааст
Равшан Раҳматов, як сокини ҷавони Хуҷанд, ки гуфта мешуд гӯё баъди шинканҷа шуданаш дар коргоҳи муфаттиш шиками худро бо корди конселярӣ буридааст, ба се соли зиндон маҳкум шуд. Боздошт ва, инак, ҳабси Раҳматов ба муноқишаи ҷавонон дар яке аз майдонҳои волейболи шаҳри Хуҷанд марбут аст, ки рӯзи 6-уми март рух додааст. 
 
Дилафрӯз Самадова, вакили дифои Раҳматов, 3 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, новобаста ба он ки шоҳидони муноқиша даст доштани Раҳматовро дар он рад кардаанд, додгоҳи Хуҷанд Раҳматовро ба се соли зиндон маҳкум кардааст. Самадова афзуд, шахси зерҳимояаш ҳангоми бозпурсӣ дар коргоҳи муфаттиш мавриди шиканҷа қарор гирифта, дар фурсате шикамашро бо корди конселярӣ буридааст. Ба ақидаи вакили дифоъ, бо ин амал нафари таҳти ҳимояташ эътирози худро аз зӯроварӣ ва ҷараёни тафтишот баён доштааст.
 
Хонум Самадова афзуд, аз рӯи ин ҳолат ба додситонии шаҳри Хуҷанд шикоят бурда буд ва муфаттишони додситонӣ ҳолати шиканҷа шудани Раҳматовро рад карда ва гуфтаанд ин ҷавон худаш шикамашро буридааст. 
 
Дар пайи муноқишаи 6-уми март ҷавонон дар яке аз майдонҳои варзишии шаҳри Хуҷанд ду нафар донишҷӯ ҷароҳат бардошта, ба шӯъбаи корҳои дохилӣ шикоят бурдаанд. Пас аз ин шикоят кормандони милиса Равшан Раҳматов ва ду нафари дигарро ҳамчун гумонбарони асосӣ дар ташкили ин муноқиша ва расондани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба дигарон боздошт карда буданд.
Ozodi