Адолати судӣ нисбати ноболиғон

Ҳукумати Тоҷикистон 24-уми январи соли 2019 Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022-ро қабул кард. Нақшаи миллӣ аз 22 банд иборат аст: тафтиши ҳолатҳои шиканҷа, ҷазо барои истифодаи шиканҷа, пурзўр намудани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, кафолатҳои асосии ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба адвокати мустақил, санҷиши ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс, механизми мустақили қабул ва баррасии шикоятҳо аз шиканҷа, таъмин намудани ҷубронпуливу офиятбахшӣ ва ғайра.

Нақшаи миллӣ гузаронидани 80 чорабиниро дар самти амалигардонии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ оид ба масоили роҳ надодан ба шиканҷа пешбинӣ намудааст. Ба амалисозии Нақшаи миллӣ доираи васеи мақомоти давлатӣ, судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Институти Омбудсмен ҷалб карда шудаанд.

Инак, банди №16-и Нақшаи миллӣ: «Адолати судӣ нисбати ноболиғон».

Оид ба ин банд чорабиниҳои зерин амалӣ гардидаанд:

- Амалисозӣ ва мониторинги Барномаи давлатии ислоҳоти системаи адолати судӣ нисбати ноболиғон барои солҳои 2017-2021.

- Гузаронидани таҳлили қонунгузорӣ дар самти адлияи ювеналӣ бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба стандартҳои ҳадди ақали қоидаҳои СММ вобаста ба адолати судӣ нисбати ноболиғон (Қоидаҳои Пекин), Шартҳои роҳнамои СММ барои огоҳсозӣ аз ҷинояткорӣ миёни ноболиғон (Шартҳои роҳнамои Эр-Рияд) ва Шартҳои роҳнамои марбут ба адолати судӣ дар масоили вобаста ба иштироки кўдакони қурбонӣ ва шоҳидони ҷиноят.

- Боло бурдани ихтисосмандӣ ва малакаи касбии кормандони муассисаҳои нигоҳдории ноболиғон.

- Таҳия ва қабули барномаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва офиятбахшии кўдакон бо дарназардошти таҳлили эҳтиёҷоту талаботи инфиродии онҳо.

- Баррасии масъалаи амалигардонии қонунгузорӣ ва мутобиқ намудани он ба Шартҳои Токио бо мақсади коҳиш додани муҳлати дар боздошт нигоҳ доштани ноболиғон то суд ва андешидани чораҳои ба маҳрумият аз озодӣ вобаста набуда.

- Ҷалби равоншиносон барои кор бо кўдакон дар ҳама ҷойҳое, ки кўдакон дар системаи адолати судӣ нигоҳдорӣ мешаванд.

Матлаби мазкур бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд мегардад, бахшида шудааст.

Шиканҷа монанд ба вируси даҳшатнок аст ва танҳо як ваксина муқобили он вуҷуд дорад - ошкорсозӣ.

Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст. 

NoTorture.Tj