Адвокат ба вохӯрӣ бо зерҳимояи аз шиканҷа шикояткарда ва иштирок дар парвандаи ҷиноятӣ муваффақ шуд

Ба ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, шаҳрванд Мастура Бобоева бо дархости кӯмаки ҳуқуқӣ ба шавҳараш Рустам Бобоев, ки эҳтимолан ҳангоми боздошт ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор шудааст, муроҷиат намуд.

5-уми марти соли 2020 Рустам Бобоев - сармуҳосиби ҶДММ «Экспорти кишоварз» якҷоя бо чанд нафар ҳамкораш дар бинои ҶСК «Агроинвестбонк» аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо гумони иштирок дар дуздии воситаҳои ба сифати қарз додашуда (моддаи 246-и КҶ ҶТ) боздошт карда шуд.

Ташкилот адвокат Абдураҳмон Шариповро пешниҳод намуд ва ӯ 10-уми март ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба гумонҳои хешовандон дар мавриди истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати Р. Бобоев, ворид шудан ба парванда, шинос шудан бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ ва дастрасӣ ба мулоқот ариза дод.

Саҳари 12-уми март адвокат А. Шарипов вохӯрӣ бо муфаттишро оид ба дастрасӣ ба мулоқот бо зерҳимоя талаб кард. Аммо адвокатро қабул накарда ва мулоқотро фароҳам наоварданд. Адвокат оид ба монеагии мақомоти тафтишоти пешакӣ барои дастрасӣ ба зерҳимоя Р. Бобоев ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат намуд.

Худи ҳамон рӯз, 12-уми март, адвокат аз номи Бобоева М. ба унвонии Ваколатдор муроҷиатнома тартиб дод. Дар он оид ба нақзи ҳуқуқҳои Р. Бобоеви дар ҷойи маҳрумият аз озодӣ қарордошта, ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа, ҳуқуқ ба ҳимоя, ҳуқуқ ба мулоқот бо хешовандон ва ҳуқуқи дастрасӣ ба табиб сухан меравад.

14-уми март муфаттиш адвокат А. Шариповро ба утоқи хизматиаш даъват карда, изҳор дошт, ки адвокат дар муроҷиатнома ба тахминҳо оид ба далелҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати зерҳимоя Р. Бобоев ишора мекунад. Адвокат бо шикоят дар бораи таъмин накардани мулоқот бо зерҳимоя ба Прокуратураи генералии ҶТ муроҷиат намуд.

Саҳари 30-юми март адвокат А. Шариповро сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия даъват карда, шарҳ дод, ки алҳол баррассии шикояти адвокат аз болои амали муфаттиш рафта истода, пешниҳод намудани маълумот имкон надорад. Бо ин асос воридшавии адвокат ба парванда ва мулоқот бо зерҳимояро рад карданд.

30-юми март адвокат дар Раёсати назорати риояи қонун дар мақомоти тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба муроҷиати худ оид ба нақзи ҳуқуқи айбдоршаванда ба ҳимоя ва монеагии ғайриқонунӣ ба фаъолияти адвокатӣ посух талаб кард. Аз ҷониби Прокуратураи генералии ҶТ шикояти адвокат қонеъ карда шуд ва ҳуқуқвайронкуниҳои ишоранамудаи адвокат ҳамчун нақзи дағалонаи ҳуқуқи айбдоршаванда ба ҳимоя ва ҳуқуқҳои мурофиавии адвокат шинохта шуданд.

31-уми март адвокат А. Шарипов барои баррасии ҳолати бамиёномада ба қабули шахсии сардори Раёсати назорати риояи қонун дар мақомоти тафтишотӣ даъват шуд. Муовини сардори раёсат дар бораи ҳатман фиристодани пешниҳод ба номи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои бартараф сохтани ҳуқуқвайронкунӣ ва таъмини мулоқоти адвокат бо зерҳимоя супориш дод.

Интизор меравад, ки 3-юми апрел адвокат ба мулоқот бо зерҳимоя ва иштирок дар парвандаи ҷиноятӣ роҳ меёбад.

NoTorture.Tj