Адвокат: То ҳол судшаванда Раҷабзода аз ҷониби Прокуратураи генералї пурсида нашудааст

Дар истеҳсолоти судяи Cуди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе Исозода Хуршед Искандар парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Раҷабзода Шаҳбози Ҷурабек бо моддаҳои 187, қисми 2 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ) ва 401 прим 1 (ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Судшаванда Раҷабзода Ш. Ҷ. санаи 18.03.2020 дар якум маҷлиси судӣ бо иштироки ман – Адвокат Далер Курбонов ҳамчун ҳимоятгар бо шикоят ба суд муроҷиат намуда, изҳор намуд, ки ӯ санаи 12.11.2019, тахминан соати 12:00-13:00 аз ҷониби ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Файзализода С. Ф. ва корманди дигари ин раёсат Ҳалимов А., бо тахаллуси “Њоҷї Аминҷон” дастгир шуда, то санаи 17.11.2019 аз ҷониби шахсони номбурда, бо кӯмаки 2-3 корманди дигари ин раёсат, ки номҳои онҳоро намедонад, вале агар бинад, мешиносад, таҳти зўроварӣ, шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ва пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ қарор гирифтааст.

Чунончи, санаи 12.11.2019, баъд аз нисфирӯзӣ, корманди РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тахаллуси «Њоҷї Аминҷон» баъд аз он, ки аз телефони мобилии судшаванда Раҷабзода Ш. Ҷ. парчами ТЭТ “ДИИШ”-ро ёфтаанд, дар бинои раёсат ӯро мавриди латукӯб қарор додааст. Хусусан як мушт ба қисми чаккаи сар ва як шаппотӣ ба пушти сари ӯ задааст ва бо овози баланд ва алфози қабеҳ ӯро дашном додааст.

Инчунин, корманди милитсия бо тахаллуси «Њоҷї Аминҷон» аз доираи ваколатҳои мансабии худ баромада, аз ҳолати худро муҳофизат карда натавонистан ва адвокат надоштани судшаванда Раҷабзода Ш. Ҷ. истифода намуда, санаи 13.11.2019 ӯро дар назди дари утоқи кориаш, воқеъ дар бинои раёсат мавриди латукӯб қарор додааст. Хусусан дар қисмати чапи сар ду маротиба бо мушт задааст. Дар қисмати болои китфи чап аз қафо як мушт задааст. Дар дохили утоқи кориаш бошад, ду мушт аз тарафи чапи сар ва як мушт ба шикамаш задааст. Раҷабзода Ш. Ҷ. гиря карда, «Њоҷӣ, назанед, дар сарам назанед» гуфтааст. Ҳангоми задан Њоҷї Аминҷон мепурсидааст, ки «гап зан, ки аъзо ҳастӣ?». Судшаванда Раҷабзода Ш. Ҷ. посух медодааст, ки не.

Беҷазоӣ ва беназоратӣ ба кормандони милитсияи номбурда имкон додааст, ки чунин кирдорҳои худро нисбати судшаванда Раҷабзода Ш. Ҷ. такрор ба такрор давом додан гиранд ва то санаи 17.11.2019 онҳо ӯро мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор додаанд. Ҳар рӯз ӯро ТНМ РВКД дар шаҳри Душанбе ба бинои РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда, дар он ҷой ӯро латукӯб карда, азоби руҳию ҷисмонӣ медодаанд ва аз ҳама даҳшатноктараш дар санаи 17.11.2019 рух додааст. Он рӯз, ки рӯзи якшанбе будааст, баъди нисфирӯзӣ Раҷабзода Ш.Ҷ.-ро аз ТНМ РВКД дар шаҳри Душанбе ба бинои РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда, ба ҷисми ӯ қувваи барқ гузоштаанд. Ин кор дар утоқи кории ваколатдори калони оперативӣ оид ба КММ РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Файзализода С. Ф. амалӣ карда шудааст. Он ҷой ҳамагӣ чор-панҷ кас будаанд. Дар аввал Раҷабзода Ш. Ҷ. бо дастбанд дар курсӣ нишаста будааст. Дар ҳамин вақт як корманди дигари милитсия, ки хароби қадпаст будааст, бо як қуттӣ ба утоқ даромадааст. Ҳоҷї Аминҷон дастбандро аз Шаҳбоз кушода, аз ӯ талаб кардааст, ки ба замин бо шикам хоб равад. Дар сараш шапка кашидаанд, то ин ки ҳеҷ касро набинад ва дар таги сараш болишт гузоштаанд. Дастони Шаҳбозро ба пушт бастанд. Бо ҳамон вазни зиёди худ, ки зиёда аз 100 кг будааст, Њоҷї Аминҷон бо пойҳояш ба гардани Шаҳбоз фишор оварда, ба замин зер кардааст, ки каллаашро набардорад. Дигарон бошанд, пойҳои Шаҳбозро қапидаанд, то ин ки бо пойҳояш ба замин назанад ва наҷунбад. Ду ангуштарини ё пластикӣ ва ё резиниро ба ангуштонаш андохтаанд. Ӯ норозигӣ кардааст, ки «чӣ кор карда истодаед? Накунед!». Ҳоҷї Аминҷон гуфтааст, ки «ҳозир ҳамаашро мегӯӣ» ва ҳамин лаҳза қувваи барқро тавассути он ангуштаринҳо сар додаанд. Тахминан 5-6 сония дошта, боз қвваи барқро хомӯш намуда, Њоҷї Аминҷон талаб кардааст, ки «гӯй!». Шаҳбоз бошад, доду фиғон бардошта, мегуфтааст, ки ӯ дар ин гуруҳ нест. Баъди чунин посух, онҳо боз қувваи барқро гирён карда, тавассути ангуштҳои ӯ гузоштаанд, лекин ин дафъа қувваи барқро баландтар кардаанд. Ва ҳар дафъа каме монда, баъд аз он гирифта, талаб мекардаанд, ки «гӯй, аъзои ҳамин гуруҳ њастӣ?». Ӯ бо гиря «не» мегуфтааст ва қайд мекардааст, ки «накунед, бемории қалб дорам», лекин дар ҷавоб Њоҷї Аминҷон мегуфтааст, ки «мекунем, ҳаммаашро ҳозир мегӯӣ!». Аз сабаби он ки чунин амалиёти ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ 6-7 маротиба такрор шуда, ҳар дафъа қувааи барқ зиёд мешудааст ва аз нӯги ангуштҳо то китфҳои ҳарду дасти Шаҳбоз дарди сахт пайдо кардаанд, ӯ тоқат накарда, гуфтааст, ки «чизе, ки мехоҳед, ба калла мегирам, лекин дигар барқро истифода накунед». Баъд аз ин онҳо ором шуда, дигар қувваи барқро дар ҷисми Шаҳбоз нагузоштаанд.

Боиси қайд аст, ки тамоми латукӯбҳо бо истифодаи суханҳои қабеҳ нисбати судшаванда Раҷабзода Ш. Ҷ. ва зану модараш амалӣ карда мешудааст. Онҳо таҳдиди таҷовуз ба номус мекардаанд.

Ҳолати дигари боиси таваҷҷуҳ он аст, ки аз сабаби он ки Шаҳбоз ба ҳама саволҳои Њоҷї Аминҷон посухи «ҳа» гуфта, тасдиқ мекардааст, онҳо дарк кардаанд, ки ӯ дурӯғ гуфта истодааст ва аз ин рӯ, таҳдид кардаанд, ки «ҳозир дар олоти мардият ва моядонат қувваи барқ мегузорем». Шаҳбоз дар ҷавоб гуфтааст, ки «нагузоред барқро, о ман тасдиқ карда истодаам ку». Ҳатто тасдиқ кардааст, ки писари холааш Амриддин ва рафиқаш Додзода Маҳдӣ низ ба ин кор шариканд. Аммо дар асл бошад, ҳама ин гапҳо рост набудааст ва ӯ аз тарс чунин гуфтааст.

Баъд аз ҳамаи ин корҳо, Файзализода С. ба Раҷабзода Ш. Ҷ. таъкид карда гуфтааст, ки ба ҳеҷ кас нагӯяд, ки нисбати ӯ қувваи барқро истифода кардаанд, вагарна дубора ӯро ба бинои раёсат мебаранд. Аз ин рӯ, то ба имрӯз ӯ ба ҳеҷ кас оид ба шиканҷа шуданаш нагуфтааст.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи истифода намудани зӯроварӣ, шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ва пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ, дастҳои судшаванда Раҷабзода Ш. Ҷ. муддати ду моҳ дарди сахт пайдо карда, сараш захм гирифта, муддати як ҳафта дар он шишкаҳо пайдо шудаанд. Осори ин латукӯб дар қисмати сар чунин мондааст, ки вақте сарашро хам мекардааст, сараш сахт дард мекардааст. Монанде, ки мағзи сараш меҷунбидааст.

Кормандони РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон судшаванда Раҷабзода Ш. Ҷ.-ро санаи 12.11.2019 дастгир намуда, то санаи 17.11.2019 нисбати ӯ зӯроварӣ намуда, шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ва пасткунандаи шаъну шарафи инсониро раво дидаанд, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад, зеро мутобиқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд”.

Тибқи талаботи қисми 2-и моддаи 10-и КМҶ ҶТ, “Ҳеҷ яке аз иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ наметавонад таҳти зўроварӣ, шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ё пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ қарор гирад. Эҳтироми шаъну шарафи шахс вазифаи шахсони мансабдор ва мақомотест, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро анҷом медиҳанд”.

Ҳуқуқи ҳар як инсон ба шиканҷа нашудан пеш аз ҳама дар қисми 3-и моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 7-и Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ, моддаҳои 1-2-и Конвенцияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, моддаи 1431-и КҶ ҶТ, бандњои 1-2-и Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа, Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқ намудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф гардидаанд, Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ зикр шуда, маҳкум шудааст.

Мутаассифона, судшаванда Раҷабзода Ш. Ҷ. аз ҷониби кормандони РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти зўроварӣ, шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ва пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ қарор гирифтааст ва маҷбур карда шудааст, ки дар ҳуҷҷатҳои мурофиавие, ки мақомоти тафтишоти пешакӣ бар зидди ӯ тайёр намудааст, имзо гузорад.

Тибқи талаботи банди g, қисми 3-и моддаи 14-и Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ, “Ҳар кас, ҳангоми баррасии дилхоҳ айби ҷиноятии ба ӯ эълоншуда, дар асоси баробарии пурра, ҳадди ақал ба кафолатҳои зерин ҳуқуқ дорад: барои додани нишондод бар зидди худ ё ин ки худро гунаҳгор шуморидан маҷбур карда нашавад”.

Дар асоси шикояти судшаванда Раҷабзода Ш. Ҷ. оид ба таҳти зўроварӣ, шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ва пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ қарор гирифта шуданаш, судя Исозода Х. бо таъиноти маҷлиси судӣ аз 18.03.2020 санҷиши прокурорӣ таъин намуда, иҷроиши онро ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намуда, ба онҳо ҳамагӣ даҳ шабонарӯз барои баррасӣ ва хабар додан оид ба натиҷаи он муҳлат дод.

Бино ба маълумоти ман, санҷиши прокурорӣ аз ҷониби Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда истодааст, аммо боиси нигаронист, ки то ба ҳол судшаванда Раҷабзода Ш. Ҷ. аз ҷониби корманди ваколатдори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати нисбати ӯ истифода шудани зўроварӣ, шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ва пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ дар ҳузури ман ҳамчун ҳимоятгари ӯ пурсиш карда нашудааст, бо кормандони РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зўроварӣ, шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ва пасткунандаи шаъну шарафи инсониро нисбати ӯ раво дидаанд, рӯ ба рӯ карда нашудааст, шоҳидони дахлдор пурсиш карда нашудаанд ва хусусан Раҷабзода Ш. Ҷ. аз муоинаи тиббӣ гузаронида нашудааст.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайронгаштаи судшаванда Раҷабзода Шаҳбози Ҷурабек, маълумоти мазкур расонаӣ мешавад, то ин ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки кафили риояи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобозода Умед оид ба ин ҳолати вайрон гардидани ҳуқуқи инсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пайдо намуда, чораҳои қонунии заруриро андешанд.

 

Адвокат Қурбонов Д. А.

NoTorture.Tj