Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Созмони Афви Байналмилал дар вокуниш ба марги Умед Тоҷиев пас аз боздошт аз сӯйи пулис дар шимоли Тоҷикистон хостори 'таҳқиқи сареъ, мунсифона ва мустақилли' ин ҳодиса шудааст.
Ин созмон дар фарохоне байналмилалӣ аз мудофеъони ҳуқуқи башар, афрод ва созмонҳои бонуфуз дар саросари ҷаҳон хостааст, ки бо ирсоли нома ба мақомоти тоҷик онҳоро ба таҳқиқи сареъу мунсифонаи шароити марги Умед Тоҷиев, аз ҷумла чигунагии муъолиҷаи ӯ, водор созанд.
Ин созмони мудофеъи ҳуқуқи башар ҳамчунин аз додситони кул, вазири умури дохилӣ ва кумисери ҳуқуқи башари Тоҷикистон хостааст, ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ итминон бидиҳанд, ки афроди масъул дар кушта шудани Умед Тоҷиев ба сазои аъмоли худ хоҳанд расид.
Яке дигар аз тақозоҳои ин созмони муътабари байналмилалӣ ин аст, ки бояд мақомоти тоҷик асноди марбут ба таърихчаи бемории оқои Тоҷиевро аз замони боздошт ва бистарӣ шуданаш дар бемористон то дами марг дар ихтиёри аъзои хонавода ва вакили мудофеъаш гузоранд.
Афви Байналмилал аз корбарони интернет хоста, ки то 5 март номаҳои эътироз ва исрори худро дар ин замина унвонии мақомоти додситонӣ, умури дохилӣ, омбудсмен ё кумисери ҳуқуқи башари Тоҷикистон ва ҳамчунин ба сафоратхонаҳои ин кишвар дар саросари ҷаҳон ирсол кунанд.
Умед Тоҷиев, як узви фаъъоли ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи 19 январ дар бемористони Идораи назорат бар иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар вилояти Суғд даргузашт.
Вай 30 октябри 2013 тавассути маъмурони пулиси Исфара боздошт шуда буд. Аммо муддати зиёде нагузашта, гузориш шуд, ки ӯ худро аз сохтмони идораи пулис ба зер андохтааст.
Ба гуфтаи вакили мудофеъ ва пайвандонаш, маъмурони пулис ӯро ба иттиҳоми терурисм боздошт карда буданд ва барои гирифтани иқрори бардурӯғ ӯро ҳадафи шиканҷа ва лату кӯби шадид қарор додаанд.
Дар асари шиканҷаи зиёд ӯ водор шудааст, ки худро аз табақаи севуми сохтмони пулис ба зер андозад. Дар натиҷа, ду пояш шикаста ва ҷароҳоти сангини дигаре бардоштааст.
Афви Байналмилал мегӯяд, ки мақомоти пулиси Тоҷикистон дар муддати ду ҳафта пас аз боздошти Умед Тоҷиев, яъне то 13 ноябр, ба муваккилаш иҷозаи дидор бо ӯро надодаанд. Дар ҳоле ки бар асоси қонун, афроди мазнун бояд аз лаҳзаи боздошт дастрасӣ ба вакил дошта бошанд.
Ин созмон меафзояд: "Тибқи гузоришҳо, байни 30 октябр ва 2 ноябр чанд афсари пулис кисаҳои (пурбори) плостикиро бар сари ӯ гузоштаанд, иҷозаи хоб, хӯрок ва об ба ӯ надодаанд ва аз нерӯи барқ ба василаи порчаи хис истифода кардаанд, то осори шиканҷа дар андомаш намонад. Умед Тоҷиев баночор худро аз табақаи севуми сохтмони пулис дар Суғд ба зер андохта ва ду пояш шикастааст."
Дар баёнияи ин созмон ҳамчунин омадааст: "Як ҳуқуқдон, ки ӯро дертар дид, гуфт, ки Умед Тоҷиевро (маъмурон) ба утоқи дидор мекашиданд, чун вай тавони роҳ рафтан надошт, меларзид ва фарёд мезад, ки ӯро таҳти шиканҷа ба иқрори дурӯғ ба ҷурме накарда водор сохтаанд."
Пас аз ин ҳодиса Умед Тоҷиев танҳо чаҳор рӯз дар бемористон бистарӣ шуд ва рӯзи 5 ноябр дубора ба боздоштгоҳ мунтақил шуд. Ҳарчанд дар ин муддат ӯ таҳти назари пизишки боздоштгоҳ буда, вале пайвандонаш муътақиданд, ки муъолиҷаи ӯ ва доруҳояш аслан кофӣ набудааст.
Мақомот ӯро рӯзи 4 январ ба бемористони зиндон интиқол доданд. Вакили мудофеъаш мегӯяд, ки сабаби марги ӯро мақомот "баста шудани ҷараёни хун дар рагҳояш" унвон кардаанд. Вай мехоҳад дар мавриди муъолиҷаи нокофӣ ва бадрафторӣ бо ӯ дар боздоштгоҳ ба мароҷеъи қазоӣ шикоят кунад.
Дар ҳамин ҳол, туморе (petition) ҷудогона дар шабакаи ҷаҳонӣ эҷод шуда, ки дар он садҳо нафар зери дархосте аз давлати Тоҷикистон барои поён додан ба шиканҷа дар ин кишвар имзо гузоштаанд.