Аксияи иттилоотӣ-таълимӣ

Бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон мутахассисони ТҶ "Дунёи ҳуқуқ" аксияи иттилоотӣ-таълимӣ гузарониданд, ки ба баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ миёни аҳолӣ нигаронида шуда буд.

Дар рафти аксия кормандони ташкилот бо донишҷӯёни соҳаи тиб ва ҷавонон суҳбат карда, оид ба ҳуқуқҳои асосӣ ва воситаҳои дастраси муроҷиат ҳангоми нақз шудани онҳо саволҳо доданд. Чунин равиш на танҳо ба муайян намудани сатҳи огоҳӣ мусоидат мекунад, балки фарҳанги эҳтиром ба ҳуқуқи инсонро дар ҷомеа низ тақвият мебахшад.

Ҳадафи асосии ин ташаббус - тақвияти огоҳии ҳуқуқӣ ва пешбурди принсипҳои дар Эъломияи умумии ҳуқуқи тнсон зикршуда, яъне баробарӣ, шаъну шараф ва дастрасӣ ба механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон барои ҳар як нафар мебошад.

Ин чорабинӣ дар доираи лоиҳаи "Роҳ ба сӯйи адолат: тақвияти ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти стстемаи пенитенсиарӣ" бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

 

ТҶ «Дунёи ҳуқуқ»