Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
26-уми июн дар тамоми ҷаҳон Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, ки соли 1997 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади бартарафсозии шиканҷа ва таъмини фаъолияти самараноки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи обруву эътибор ва ҷазо роҳандозӣ гардидааст.
15-уми июн Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» оғоз мекунад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.
Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рўз мо барои шумо дар торнамо ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем.
Шумо чӣ кор карда метавонед? Метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбони (ён)-и шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед. Инчунин, шумо метавонед дастгирии худро тариқи видеоролики кўтоҳ (на зиёда аз 2 дақиқа) нишон диҳед ва зери қисса Хэштеги #notorturetj гузоред ё ба суроғаи электронии Эътилоф notorture.tj@gmail.com фиристонеду ҳамзамон, қиссаро бознашр кунед.
Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.
Қурбониёни шикандаро дастгирӣ менамоем! Беҷазоиро манъ мекунем!
То ҷавоб шудан аз хизмати ҳарбӣ барои ин сарбоз танҳо 2 моҳ боқӣ монда буд. Вале модар ба ҷои баргаштани писараш, ҷасади ўро барои гўрондан гирифт.
Парвиз Дустматови 18-сола мактаби миёнаро аъло хатм карда, орзу дошт, ки ба Академияи ВКД дохил шавад, аммо бо сабаби паст будани қадаш, ўро ба сафи курсантҳо қабул накарданд. Ҷавон ба қароре омад, ки ба хизмат равад ва баъди ду сол аз нав барои дохил шудан қувваи худро санҷад. Ҳамин тавр, тирамоҳи соли 2013 ў аллакай дар қисми низомии 07017 қарор дошт, ки дар шаҳри Қўрѓонтеппа воқеъ аст. Баъди як сол барои идома додани хизмати ҳарбӣ ба қисми низомии 02011 фиристода шуд, ки дар ноҳияи Дарвози ВМКБ ҷойгир аст.
Саҳари барвақти 13-уми июли соли 2015 сарбоз Фаррух Бозоров болои сари Парвизи хоб хам шудаву дар гўшаш фарёд зад: «Бихез!». Парвиз дар ҷавоб талаб кард, ки ин тавр дод назанад. Баъди ин Фаррух аз ошхона корд оварда, онро ба қафаси синаи ҳамхизматаш равона кард. Зарба бехато ба дили Парвиз рост омад. Сарбози ҷавон ҳамон замон ба ҳалокат расид.
Баъдан, Фаррух Бозоров бо ҳукми суд 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.