Анҷоми муваффақонаи ҷарроҳии пайванди гурдаи Эмомиддин Холов

Ҷарроҳии ивази гурдаи Эмомиддин Холов, ҷавоне аз Рашт, ки дар хизмати артиш гурдаҳояш аз коркунӣ бозмонда буданд, муваффақона анҷом пазируфт.

Директори Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Саидмуҳаммад Исмоилзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бемор аллакай ба ҳуш омада, айни замон вазъи солимии ӯ ва модараш, ки донори писараш буд, қаноатбахш мебошад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки барои ҷарроҳӣ дар Душанбе бо назардошти муолиҷаи баъди ҷарроҳии модару писар 100 ҳазор сомонӣ маблағ зарур мебошад, ки оилаи Холовҳо ба ҷамъоварии ин миқдор маблағ имкон надоранд.

Мавриди зикр аст, ки зимни нишасти хабарии рӯзи 13 июл вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода изҳор намуд, ки табибони пайвандсози узвҳои инсон (трансплантологҳо)-и Тоҷикистон ният доранд, ки моҳи август ҷарроҳии нахусти пайванди мағзи устухонро анҷом диҳанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13 июл зимни нишасти хабарӣ Саидмуҳаммад Исмоилзода иттилоъ дода буд, ки арзиши ҷарроҳии пайванди гурда дар ин марказ 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва барои муолиҷаи баъди ҷарроҳӣ низ боз ҳамин қадар маблағ зарур аст.

Ҳамчунин чанде пеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи ӣчтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода зикр карда буд, ки Вазорат барои ҷарроҳии ивази гурдаи Эмомиддин Холови 22-сола 20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мекунад.

Аммо ин миқдор маблағ барои рӯйпӯш кардани тамоми хароҷот кофӣ нест. Айни замон барои хароҷоти ҷарроҳии Эмомиддин ва муолиҷаи баъди писару модар дастаҷамъона маблағ ҷамъоварӣ мешавад. Барои ҷамъоварии маблағ саҳифаи зерин боз шудааст:  https://www.gofundme.com/fzeggbwc

Ғайр аз ин, касоне, ки дар ин кори хайр ба Эмомиддин Холов дасти ёрӣ дароз карданианд, метавонанд бо телефонҳои зерин занг зананд: (+992) 93 873 12 18,  987 12 24 38.

Asia-Plus