Ариза нисбати Прокуратураи генералӣ дар суд баррасӣ мешавад

Рӯзи 13-уми июн соати 9:00 дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти назари раисикунанда судя Мирзо Одиназода аризаи ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шарипов нисбати Прокуратураи генералӣ баррасӣ мегардад.

Бояд гуфт, ташкилоти ҷамъиятии мазкур ва адвокат оид ба парвандаи Исмонбой Бобоеви дар соли 2010 ҳангоми боздошт аз ҷониби РМЗҶМ-и Суғд дар натиҷаи шиканҷа фавтидаву нисбати Прокуратураи генералӣ, ки ба қавли онҳо, дар мавриди ин парванда ба нақзи қонун роҳ додааст, ба Суди ноҳияи Сино шикоят бурда буданд.

Адвокат Абдураҳмон Шарипов иттилоъ дод, ки муроҷиат ва шикоят аз амали шахсони масъуле, ки тафтишоти ғайри самаранок гузаронидаанд, 8 сол боз идома дорад.

Моҳи январи имсол дар бораи аз сар гирифтани тафтишот ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб кардани гунаҳгорон ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат шуда буд.

6-уми феврал ба адвокат А. Шарипов бо имзои муовини Прокурори генералӣ Ваҳобов В. М. ҷавоби расмӣ омад. Дар он гуфта мешавад, ки бо қарори Прокуратураи генералии ҶТ аз 02.02.2018 оид ба парвандаи далели марги Бобоев И. қарори қаблӣ дар мавриди боздоштани тафтишот бекор гардида, парванда ба Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ барои тафтишоти иловагӣ фиристода шудааст.

Дар мавриди ҷавоби мазкур аз ҷониби адвокат А. Шарипов шикоят шуд ва дархост гардид, ки парвандаи ҷиноятӣ ба Раёсати тафтишотии Прокуратураи генералии ҶТ супорида шавад.

Ба ин шикоят санаи 6-уми апрел ба А. Шарипов ҷавоби хаттӣ бо имзои муовини Прокурори генералии ҶТ Ваҳобов В. М. омад. Дар он хабар дода мешавад, ки барои талаб карда гирифтани парвандаи ҷиноятӣ аз РТ ВКД ҶТ ва барои тафтишоти иловагӣ ба РТ Прокуратураи генералии ҶТ супоридани он асос мавҷуд нест.

Дар робита ба ин адвокат ба Суди ноҳияи Сино шикоят бурд.

Дар бораи парвандаи мазкур метавонед муфассалтар аз торнамои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ иттилоъ пайдо намоед.

NoTorture.Tj