Аз ҳуқуқҳои худ назди мо нагӯ!

Қиссаҳоеро ба шумо пешкаш менамоем, ки оид ба қисмати фоҷиавии сенздаҳ сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ё “меҳтарсолорӣ” гардида, ки дар китоби “Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта” (муаллифон Ҷамшед Маъруфов ва Гузал Маҳкамова, муҳаррир - Хоҷаев Фазлиддин) ҷой гирифтаанд, нақл мекунанд.

Китоб аз ҷониби ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо мусоидати Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа -  26-уми июн омода карда шудааст.

Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст.

Аз ҳуқуқҳои худ назди мо нагӯ!

“Ту ба мо аз боби ҳуқуқҳоят мегӯӣ?!” - ин калимаҳои охирине буданд, ки Саидалӣ Ҳақбердиев, хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми “облава” шунид. Ӯ осеби сахти майнаи сар гирифт, ки дар натиҷа хотираашро аз даст дод ва дар муддати хеле тӯлонӣ барқарор шуд.

Саидалӣ Ҳақбердиев дар деҳаи Яккахонаи ноҳияи Панҷакент таваллуд шуда, ба воя расидааст. Пас аз хатми мактаб ба Хуҷанд ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат барои таҳсил рафт.

Пас аз чанд сол, тобистони соли 2014 ба хона бо дипломи аъло баргашт. Мутахассиси соҳаи гумрук, падари ду фарзанд - гӯё ҳаёт хуб буд ва ӯ барои оянда нақша мекашид...

4-уми ноябри соли 2014. Дар рӯзи тирамоҳӣ Саидалӣ хост бо дӯстонаш вохӯрад ва дар деҳа сайругашт намояд. Ҷавонон дар кӯчаи марказӣ мерафтанд, ки назди онҳо мошини ношинос истод. Дар сари чанбар ҳамдеҳаашон буд, дар мошин бошад, шахсони ношинос бо либоси одӣ менишастанд. Шахсони ношинос аз мошин зуд баромада, Саидалиро доштанд ва ба мошин бор карданд. Ҳама чиз чунон тез рӯй дод, ки касе нафаҳмид, ки чӣ ҳодиса рӯй медиҳад. Мошин то маркази ҷамоати деҳот омад. Шахсони ношинос Саидалиро аз мошин кашола карда бароварданд ва ба мошини дигаре нишастанд, ки каме дуртар меистод.

Саидалӣ намефаҳмид, ки чӣ ҳодиса рӯй дода истодааст. Шахсони ношинос шарҳ надоданд, ки онҳо кистанд ва аз ӯ чӣ мехоҳанд. Аз суҳбати телефонии яке аз онҳо Саилдалӣ фаҳмид, ки онҳо кормандони комиссариати ҳарбӣ ҳастанд. Ҷавон хост фаҳмонад, ки онҳо нодуруст рафтор мекунанд, аввал бояд даъватнома равон мекарданд, аммо дар ҳамин ҳолат ҳам онҳо ҳуқуқ надоранд ӯро ба хизмат даъват кунанд, зеро тибқи қонун марди соҳиби ду фарзанд аз хизмати ҳарбӣ озод аст.

Шахсони ношинос ба ин гуфтаҳои ӯ бо дағалии ошкоро ҷавоб доданд. Яке аз онҳо рост ба гӯши Саидалӣ дод зад: “Ту ҳоло ҳуқуқҳоятро ба мо мегӯӣ?!” ва ба сараш мушт задан гирифт. Дар натиҷа ҷавон аз ҳуш рафт ва танҳо пас аз чанд рӯз дар беморхона ба ҳуш омад... Вақте ки ба худ омад, хешу табор ва наздиконро нашинохт. Хотирааш қисман аз даст рафта буд...

Туҳфа Суфиева - модари Саидалӣ, ҳамаи ҳамон рӯзҳо Худовандро илтиҷо мекард, ки писарашро аз ӯ нагирад.

“Ман хеле хурсанд будам, ки писарам бо диплом баргашт. Ӯ таҷрибаомӯзиро дар фурудгоҳи Хуҷанд гузашт. Мехост, ки ҳамон ҷо ба кор дарояд, аммо ба “облава” афтод. Ҳамон рӯз телефонаш хомӯш буд. Мо якчанд соат намедонистем, ки ӯ дар куҷост ва чӣ ҳодиса бо ӯ рӯй додааст. Дертар яке аз ҳамсояҳо гуфт, ки  якчанд шахси ношинос ӯро ба мошин савор карданду ба куҷое бурданд”,- мегӯяд зан.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз чанд соат ба ӯ аз беморхонаи шаҳрӣ занг заданд. Ношинос худро духтур шинос кард ва гуфт, ки Саидалӣ дар ҳолати вазнин дар шуъбаи эҳё аст. “Гуфтанд, ки писарам беҳуш буд. Бо чӣ ҳодиса ва чӣ тавр шудааст, ба мо касе нафаҳмонд. Духтурон дар давоми шаш соат хунравиро дошта натавонистанд. Пардаи гӯши Саидалӣ кафидааст, асаби гӯш осеби вазнин, майнаи сар ҳам осеби вазнин бардоштааст. Танҳо пас аз се рӯз писарам ба худ омад ва гуфт, ки ҳамон рӯз чӣ ҳодиса рӯй додааст”,- мегӯяд модари Саидалӣ.

Саидалӣ ҷароҳатҳои вазнин бардошт, ба доруҳои қиммат ва оромӣ ниёз дошт. Ҷавон гап зада наметавонист ва худро аз даст медод. Асабонӣ ва дағал шуд. Аммо волидайн мефаҳмиданд, ки ин таъсири осеб аст, тоқат мекарданд ва ҳама чизро барои табобати ӯ сарф карданд. Онҳо ҳама чизи пурарзиш - ду гове, ки доштанд, фурӯхтанд. Волидайн расо ду сол аз назди Саидалӣ дур нашуданд ва ниҳоят табобат назди мутахассисони беҳтарини пойтахт натиҷаҳои худро дод. Ҷавон оҳиста-оҳиста ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт.

Волидайни Саидалӣ ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карданд. Баррасӣ оғоз шуд, суд ҳам каме дертар баргузор шуд. Аммо касе паси панҷара нарафт. Ду шахси айбдорро ба муҳлати ду сол аз кор озод карданд. Волидайн албатта, бо ҳукми суд розӣ нестанд. “Ин ҷазои хеле сабук буд”,- андеша доранд онҳо.

Соли 2017. Саидалӣ беҳтаршавиро ҳис кард, аммо курсҳои барқароршавӣ идома доштанд. Барои ҳама чиз пул зарур буд. Духтурон ба ӯ иҷрои кори вазнинро қатъиян манъ карданд. “Чӣ кор кунам? Оила ва фарзандонамро чӣ тавр хӯронам?”,- доимо дар андеша буд Саидалӣ. Дигар чора надошт - ба Русия барои кор кардани маблағ раҳсипор шуд. Мутахассиси ҷавони соҳиби диплом муҳоҷири меҳнатӣ шуд.

Модари Саидалӣ ба писарони хурдсолаш дар бораи хизмати ҳарбӣ ҳатто фикр карданро раво намедонад. “Агар писари маро дар ду соат ин тавр маъюб карда бошанд, ҳатто аз тасаввур кардан метарсам, ки дар давоми ду соли хизмат чӣ ҳодиса рӯй дода метавонад”,- мегӯяд ӯ.

NoTorture.Tj