Аъзои гуруҳҳои корӣ ва мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ таҷрибаи Арманистонро омӯхтанд

Аз 17 то 20-уми октябри соли 2018 аъзои гуруҳҳои корӣ ва мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ бо мақсади табодули таҷриба аз Ҷумҳурии Арманистон дидан карданд.

Ҳайатро узви Гуруҳи корӣ, сардори бахши назорати ҷойҳои маҳрумият аз озодии Прокуратураи генералӣ Шамс Нурализода роҳбарӣ намуд. Ба ҳайат узви гуруҳи корӣ, муовини сардори СРИҶҶ-и Вазорати адлияи ҶТ Ҷумахон Футуров, узви Гуруҳи корӣ, профессори ДМТ Тақдиршо Шарипов, уви Гуруҳи мониторингӣ, муовини сардори бахши ҳимояи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ-сиёсии идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Ҳусниддин Нидоев ва ҳамоҳангсози фаъолияти Гуруҳи мониторингӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндаи Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният Таҳмина Ҷӯраева ворид гардида буданд.

Ҳайат бо Ҳимоятгари ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Ҷумҳурии Арманистон Армен Татоян ва кормандони ӯ вохӯрд, ки вай дар бораи низому тартиби кор ва қонунгузории идоракунандаи фаъолияти Омбудсмен дар Арманистон, инчунин муфассал оид ба бахши тадбиқи ММП маълумот дод. Вазифаи ММП-ро дар Арманистон идораи Омбудсмен иҷро мекунад. Арманистон ПФ ба КЗШ-ро соли 2006 имзо кардааст.

Инчунин, гуруҳ барои табодули таҷриба бо сардори Раёсати назорати қонуният дар ҷойҳои маҳрумият аз озодии Прокуратураи генералии Арманистон Григор Погосян, бо сардори Хадамоти санҷишии Арманистон Геворг Исаханян ва кормандони ӯ, бо сардори СРИҶ-и Арманистон Артём Мхонян ва аҳли кормандонаш вохӯриҳо анҷом дод.

Ҳамзамон, ҳайат аз ду муассисаи пӯшидаи Арманистон - тавқифгоҳи муваққатӣ ва маҳбас дар шаҳри Армавир дидан кард. Гуруҳ бо сардорҳои ин муассисаҳо вохӯрӣ гузаронида, инчунин бо шароити нигоҳ доштани боздоштшудагону маҳбусон дар ин муассисаҳо ва тартиби кори муассисаҳои мазкур шинос шуд.

Баъди анҷоми ҳамаи вохӯриҳо ҳайат боз бо Ҳимоятгари ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Арманистон Армен Татоян вохӯрда, дар бораи таассурот аз табодули таҷрибаҳо изҳори назар намуд. Ҳайат зикр намуд, ки сарфи назар аз муҳлати кӯтоҳи боздид, имкони шинос шудан бо ҳолатҳои муҳими фаъолияти ММП вуҷуд дошт.

Сафар бо дастгирии молии ташкилоти «Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ» дар доираи лоиҳаи «Дастгирии кӯшишҳои минтақавӣ барои мубориза бо шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Осиёи Марказӣ» амалӣ гардид.

NoTorture.Tj