Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Як хонавода дар шаҳраки Ҳисори ноҳияи Ҳисор иддао дорад, ки фарзанди бемори онҳо "облава" шудааст ва агар чаҳор рӯз қабл дар роҳ ба сӯи комиссариати ҳарбӣ аз ҳуш намерафт, ба артиш бурда мешуд.
Шаҳром Абдуллоеви 19-сола ҳоло дар бемористони ноҳияи Ҳисор бистарист. Пизишкон мегӯянд, ӯ мубталои бемории саръ ё эпилепсия (бемории асаб, ки дар он рагу мушакҳо мекашад) буда, ҳар замон дардаш хуруҷ мекунад.
Ин шабу рӯз дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъвати ҷавонон ба артиш идома дорад. Мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтанд, то кунун дар бораи вуҷуди "облава" ё даъвати иҷборӣ дар мавсими имсола шикоят нагирифтаанд ва агар чунин ҳолат рух додааст, бояд ҷавобаш аз раисони ҷамоату ноҳияҳо ва идораҳои умури дохилӣ пурсида шавад.
Қодир Ҳодиев, раиси шаҳраки Ҳисор, рӯзи 20-уми апрел, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз чунин сурат гирифтани ҳол мутаассиф аст ва ҳамаи харҷи табобати Шаҳром Абдуллоевро бар дӯш гирифтааст. Ӯву ҳамроҳонаш мегӯянд, танҳо баъди аз ҳуш рафтани Шаҳром Абдуллоев фаҳмиданд, ки имкони хидмат дар артишро надорад ва ба ҷои комиссариати ҳарбӣ ба бемористон бурданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Шаҳром Абдуллоевро рӯзи 20-уми апрел дар шифохонаи ноҳияи Ҳисор ёфтем. Мегӯяд, вақте дасту рӯяшро шуста ба хона даромаданӣ буд, кормандони шаҳрак ва ду нафари дигар ӯро бо худ бурданӣ шудаанд. “Аз пуштам қапиданд. Хаёл кардам, касе шӯхӣ мекунад. Гуфтам, чӣ кор мекунед? Гуфтанд, ба хидмат мебарем. Якеаш аз шим ва дигараш аз куртаам қапида буд. Ба берун бароварданд ва то мошин кашон-кашон бурданд. Аз ҳуш рафтам ва чизеро дар хотир надорам”, - нақл кард Абдуллоев.
Шаҳриннисо Зуҳурова, модари Шаҳром
Шаҳриннисо Зуҳурова, модари Шаҳром, мегӯяд, он рӯз кормандони шаҳрак ба гапҳои ӯ дар бораи бемории писараш бовар накарданд. Ӯ мегӯяд, “ду нафар ба хонаамон даромад. Ду нафари дигар дар берун буд. Гуфтам, ки бемор аст, бовар накарданд. Вақте мехостам аз паси фарзандам равам, як милиса аз дастам дошт ва ба даруни дарвоза тела дод. Чӣ хеле гӯсфандро аз оғил мебаранд, гирифтанду бурданд.”
Шаҳром Абдуллоев фарзанди нахустини хонавода буда, 19 сол дорад. Тавре модараш мегӯяд, фарзандаш ҳеҷ кор намекунад. Танҳо дар сурати хоҳиши ҳамсояҳо хонаи онҳоро сафед карда, ҳаққи корашро мегирад.
Қурбоналӣ Шарифов
Қурбоналӣ Шарифов, пизишки беморхонаи Ҳисор, рӯзи 20-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳром Абдуллоев чаҳор рӯз боз табобат мегирад ва дар дафтари таърихи бемориаш ҳамаи ҳолатҳо зикр шудаанд. Ин пизишк гуфт, ки Шаҳром бо чунин вазъ наметавонад дар сафи артиш бошад.
Дар Тоҷикистон дар як сол ду дафъа даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ сурат мегирад. Бо вуҷуди талоши мақомот, ҳанӯз ҳам дар бораи вуҷуди “облава” дар ин маъракаҳо шикоят мешавад.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, мегӯяд, масъулияти ба комиссариати ҳарбӣ овардани ҷавонон бар дӯши кормандони умури дохилии навоҳӣ ва раиси маҳаллаву ҷамоатҳост. Вай гуфт, бояд аз идораҳои корҳои дохилӣ ва раҳбарияти ҷамоатҳо пурсида шавад, ки чаро чунин ҳолатҳои иҷборӣ овардани ҷавонон рух медиҳад?
“Артиш ҷои ҷавонони бемор нест. Ҳам қонун ва шароити мавҷуд иҷоза намедиҳад, ки нафари бемор ба артиш бурда шавад. Вале вақте ки ҷавон сиҳату саломат аст, масъулони маҳаллаҳо муваззаф ҳастанд, ки барои ҳозир шудани онҳо ба қисмҳои ҳарбӣ тадбирҳо ҷӯянд. Дар сурати ғайриқоунунӣ сурат гирифтани ҷалби ҷавонон ангушт ба тарафи Вазорати дифоъ нишон дода мешавад, ки нодуруст аст. Кормандони комиссариати ҳарбӣ аслан ба ин масъала машғул нестанд. Онҳо фақат ҷавононро барои хидмат дар артиш омода мекунанд”, - шарҳ дод ӯ.
Маҳмадализода афзуд, дар фасли баҳории даъват ба артиш ба Комисияи даъвати ҷавонон аз ҷониби сокинон ҳеҷ шикоят нарасидааст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯянд, ки хабарҳо аз хушунату марги аскарон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ мояи худдории бархе ҷавонҳо аз хидмат шудааст. Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ аз охири соли 2016 навишта буд, ки дар муддати солҳои 2014 то 2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.