Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Муҳтарам Бобоҷон Ҷамолзода!
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шумо ва кулли ҳайати шахсии Гвардияи Миллиро ба муносибати иди касбӣ - Рӯзи Гвардияи Миллӣ табрик мегӯяд.
3-юми сентябр аз рӯзи таъсиси Гвардияи Миллии Тоҷикистон 24 сол пур мешавад ва мо якҷоя бо Шумо хотираи хизматчиёни ҳарбиеро, ки ҳангоми иҷрои қарзи хизматиашон дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон вафот кардаанд, гиромӣ медорем.
Мо боварӣ дорем, ки тобеони Шумо ҳамеша анъанаҳои худро муқаддас шуморида, дар самти волоияти қонун устувор меистанд ва ҳуқуқу озодиҳои сокинони ватанамон - Тоҷикистони офтобиро таъмину ҳифз менамоянд!
Ба ҳамаи шумо фазои сулҳу оромӣ, бурдбории оилавӣ ва хушбахтӣ хоҳонем!