"Ба комиссариат оварданду гуфтанд, сарбоз овардем, қабул кунед” ВИДЕО

Мақомоти расмии ноҳияи Хуросон ҷанҷолу занозанӣ ҳангоми ҳангоми даъвати як ҷавон ба сафи артиш ва захмӣ шудани ӯро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки аҳволи ҷавон беҳтар шудааст.

Хешовандони ҷавон мегӯянд, бо гузашти 10 рӯз аз ҷанҷолу занозанӣ Тӯйчибек Хидирови 26 сола аз деҳаи Баҳористони ҷамоати “Фахробод” ба мушкилӣ нафас мегирад. Ҳодиса рӯзи рӯзи 4-уми апрел рух додааст ва ҳангоми подабонии Тӯйчибек. Афсарони кумиссариати низомӣ, кормандони ҷамоат ва нозири минтақавии милиса ҷавонро ҳангоми нигоҳубини чорвои мардум пайдо карда ва хостаанд, ки ӯро ба зӯр ба артиш бифиристанд, вале кор ранги дигар гирифтааст.

Сироҷиддин Мавлонов, раиси ҷамоати деҳоти Фахробод дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳамон рӯз ман набудам, шунидам, ки ҳамин ҳодиса шудааст, вале зиёд маълумот надорам. Ин ҷавон саломатияш хуб шудааст. “

Ба нақли шоҳидон ва сокинони деҳаи Баҳористон, баъди сарпечии ҷавон аз чунин шеваи сафарбарӣ ба артиш байни ӯ ва афсарон ҷанҷолу занозанӣ бархостааст ва ҷавонро аз инҷо на ба кумиссариати низомӣ, балки барои муоинаву муолиҷа ба шифохонае дар Душанбе бурдаанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, маъмуроне, ки ба суроғи ҷавон омада буданд, ӯро барои муқовимат нишон додан, сахт лату кӯб карданд. Видеое, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ аст, лаҳзаҳое аз даъвову занозаниро нишон медиҳад.

Алимардон Хидиров, амаки Туйчибек Хидиров дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷиянаш баъд аз занозанӣ “кам кам гап мезанад. Ӯ зиёд дар бораи ин моҷаро сӯҳбат накард: “Баъди ҳодиса дар саҳро бемор шуд, ҳозир кам-кам гап мезанад.”

Як нафари наздик ба хонаводаи Хидировҳо, ки аз зикри номаш худорӣ кард, гуфт, ки Туйчибекро барои саркашӣ аз хидмат латукӯб карда, ба хешовандонаш гуфтаанд, ки ба ҷое шикоят набаранд: “Ҳоло ӯ бо мушкил суҳбат мекунад, дасташро оҳиста мебардораду салом мекунад, саломатияш ҳоло ҳам хуб нест. Рӯзҳои аввал сару рӯяш варам буд ва суҳбат намекард. Модараш метарсад, суҳбат кунад, ба онҳо гуфтаанд, бо касе суҳбат накунед.”

Додситонӣ ва кумиссариати низомии ноҳияи Хуросон хабарро тасдиқ ва рад накарданд. Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳодиса огаҳ нест, вале аз мақомоти масъул мепурсад: “Ман чизе намедонам, ҳоло ба духтурон ва масъулин занг мезанам, ки бубинанд, чӣ шудааст.”

Ҷанҷолу кашмакашҳои пайиҳам

Моҷарои Туйчибеку маъмурони даъват ба сафи артиш дар Тоҷикистон, ҷанҷоли нодире нест ва рӯзҳои ахир видеову гузоришҳои дигаре ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд. Намунаи дигаре, ки ба матбуоту шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, аз ноҳияи Вахш аст. Кашмакашу занозанӣ дар инҷо рӯзи 13-уми апрел сурат гирифтааст.

Фатҳулло Солиҳов, сокини 29-солаи деҳаи Янгиобод мегӯяд, маъмурони даъват ба сафи артиш дар ноҳияи Вахш дар он рӯз беиҷоза ба хонаи онҳо ворид шуда ва бародари 21-солаашро ба сарбозӣ бурдаанд. Ӯ гуфт, вақте хост, бародарашро раҳо кунад, ӯро заданд: “Саҳар соати 7 нашуда буд, ки ду нафар аз дар даромад, ду нафари дигар аз сари девор гузаштанд. Гуфтам, ки чаро ғайриқонунӣ ворид шудед, маро заданд. Бародарамро бурданд, поям осеб дид.”

Бо оғози мавсими баҳории даъват ба сафи артиши Тоҷикистон чунин шикоятҳо зиёдтар шудаанд. Баъзе аз ҷавонон шикоят мекунанд, ки мақомот бидуни пурсишу таҳқиқ, ки ҷавон дар гузашта хидмат кардааст ё не, дар кӯча дошта, талоши ба комиссарияти ҳарбӣ бурданро мекунанд. Фурқат Саидов, сокини 26- солаи ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷавонҳоест, ки мегӯяд, ҳарчанд дар артиш хидмат кардааст, вале ӯро ҳам бо зӯроварӣ ва дағалона аз ҷои кораш ба комиссариати низомӣ бурдаанд.

Ӯ гуфт, рӯзи 14-уми апрел се нафар, ки худро маъмурони милиса муаррифӣ кардаанд, ӯро аз фурӯшгоҳе дар маҳаллаи 82-уми Душанбе бо латукӯбу ҳақорат бурдаанд. Фурқат Саидов афзуд: “Гуфтам хизмат кардаам, раҳо кунед, билети ҳарбиямро оварда нишон медиҳам, не гуфтанд. Вақте ба мошинашон савор шудан нахостам, заданд, аз лабам захм бардоштам, маҷбур саворам карданд, ба комиссарияти ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе дароварда гуфтанд, ина сарбоз овардем, қабул кунед”.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷавоне, ки иддао дорад, кормандони милиса ӯро маҷбуран ба комиссариати низомӣ бурдаанд, расман ба ин ниҳод муроҷиат кунад, то масъаларо таҳқиқ кунанд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Баъдан шаҳрвандон низ бояд дар чунин ҳолат талаб кунанд, пурсанд, ки кӣ аст, корманди куҷо аст, шахсияташро фаҳманд”.

Саидов солҳои 2012-2014 дар қисми низомии шаҳри Хоруғ хидмат кардааст. Барои ҳамин дар комиссарияти ҳарбӣ пас аз даҳ дақиқаи бозпурсӣ ӯро ҷавоб додаанд: “Ин бори дуввум аст маро аз роҳи “облава” ба хидмати ҳарбӣ бурданӣ мешаванд, дар даъвати тирамоҳии соли гузашта низ шуда буд”.

Фурқат Саидов мегӯяд, ӯ ҳафт сол қабл хидмати ҳарбиро анҷом дод ва ҳоло низ аз хидмат кардан ҳаросе надорад, вале ин шабу рӯз шеваи ҷалби ҷавонон ба артишро дида бештар нигарон шудааст: “Бо чунин роҳ ҷавонон баръакс дилсард шуда, артишгурез мешаванд”.

Сабабҳои парҳез аз артиш

Фурқат ягона нафаре нест, ки аз усули ҷалби ҷавонон ба сафи артиш изҳори нигаронӣ мекунад. Ҳуқуқшиносон ва намояндагони бархе созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо таъкид намудаанд, ки аз кӯчаву хона ба артиш бурдани ҷавонон нақзи ҳуқуқи онҳост. Яке аз сабабҳои сарпечии ҷавонон аз рафтан ба артиш бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дониста мешавад. Дар бораи худкушӣ ва маъюб шудани ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ гузориш мерасад, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ҳаргуна қонуншикании афсарон ва ё сарбозон бе посух ва ё танбеҳу ҷавобгарӣ намемонад.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, моҳи марти имсол дар гузориши худ ба Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони кишвар вуҷуди ба истилоҳ “облава”-ро тасдиқ карда, афзуд, ки ҳатто беморонро ғайриқонунӣ боздошт карда, мебаранд. Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, охири моҳи январи имсол ҳангоми натиҷагирӣ аз даъвати тирамоҳии даъват ба артиш аз кори комиссияҳои тиббӣ танқид карда, "сарбозшикор"-ро "амали номатлуб" тавсиф кард.

Он замон 34 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ ҷазои интизомӣ гирифта, шаш нафар аз мансаб барканор шуданд. Аз оғози даъвати баҳории ҷавонон ба артиш 20 рӯз гузаштааст, вале ҳолати гирудор ё ба сарбозӣ бурдани маҷбурии ҷавонон гузориш мешавад, ки онҳоро гоҳо аз дохили мошину тарабхонаҳо ва як нафаро аз рӯзи маъракаи арусияш ба сарбозӣ бурдаанд. Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор – баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват ҳазорҳо ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.

Ozodi