Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО

6-уми феврали соли 2018 соати 10 дар суди вилоятии Хатлон дар шаҳри Қўрғонтеппа аз рўи парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди ШВКД дар ноҳияи Дўстӣ Идиев М., ки бо моддаи 316, қисми 3 (Баромадан аз ҳади ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳгор дониста мешавад, мурофиаи судӣ баргузор мегардад.

26-уми июли соли гузашта сокини 50-солаи ноҳияи Шаҳритуз Толибҷон Дўстов бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Дўстӣ боздошт шуда, баъди боздошт дарзамон фавтид. Тибқи фарзияи расмӣ, мард аз сактаи қалб фавтидааст, аммо хешовандони ў иддао доранд, ки Толибҷон Дўстов қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона шудааст.

Аз рўи парвандаи мазкур адвокатҳо дар бораи аз қисми 3-и моддаи 316 (Баромадан аз ҳади ваколатҳои мансабӣ) ба моддаи 143, эзоҳи 1 (Шиканҷа)-и КҶ ҶТ гузаронидани айбдорӣ дархост пешниҳод кардаанд. Айни замон парванда барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст ва адвокатҳо ният доранд, ки бори дигар дар бораи ба моддаи дигар гузаронидани айбдорӣ дархост пешниҳод намоянд.

NoTorture.Tj