Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҷасади сарбози 18-солаи баҳори имсол ба хизмат даъватшуда Абдуваҳҳоб Қаюмов рӯзи 6 июл ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оварда шуд. Ӯ дар қисми ҳарбии 2747-и дастаи марзбонии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хизмат мекард.
Волидони сарбоз мегӯянд, ӯ то марг аз ҷониби як гурӯҳ ҳамхизматонаш лату кӯб шудааст.
Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд Абдуқодир Нуров ба «Азия-Плюс» марги Абдуваҳҳоб Қаюмовро тасдиқ намуда, зикр кард, ки аз ҷузъиёти ҳодиса огаҳ нест. «Ӯ аз вилояти Суғд даъват шуда, дар вилояти Хатлон хизмат мекард ва аз ин рӯ, ба ин масъала прокуратураи ҳарбии Хатлон машғул аст», - иброз дошт ӯ.
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии ҷамоати Хистеварз» Мунир Аминов, ҳамзамон собиқ омӯзгори сарбози фавтида ҳикоят мекунад, ки ин ҳодиса рӯзи 5 июл рух дода, рӯзи дигар ҷасади Абдуваҳҳобро ба волидонаш овардаанд. «Ба онҳо гуфтаанд, ки ҳангоми машғулиятҳои таълимӣ чанд нафар хизматчиён ба ҷарӣ афтодаанд ва Абдуваҳҳоб ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ҳалок шудааст, аммо хешу табор ва наздикони сарбоз ба ин гуфтаҳо бовар надоранд ва бар ин назаранд, ки ӯ аз падидаи бузургсолорӣ (дедовшина) дар артиш ба ҳалокат расидааст», - гуфт Аминов.
Абдуқаюм Исматов, раиси маҳаллаи ба номи Домулло Азизови ҷамоати Хистеварз илова намуд, ки Абдуваҳҳоб ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта, рӯзи 4 майи соли ба синни 18-солагӣ расидааст ва баъди ду рӯз, 6 май ба хизмат раҳсипор шудааст.
Ба қавли ӯ, натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ дар вилояти Хатлон нишон додаанд, ки сарбоз бар асари ҷароҳатҳои расида аз олоти сахту дурушт ва кунд фавтидааст. «Коршиносон ба осорҳои захм дар гардан ва мағзи сар ишора кардаанд. Ба гумони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ баъди азназаргузаронии ҷасад, Абдуваҳҳоб дар натиҷаи лату кӯб ба ҳалокат расидааст», - қайд кард раиси маҳалла.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли ҷорӣ ҳодисаи ба ин монанд дар қисми ҳарбии 04080-и Вазорати мудофиа дар ноҳияи Конибодом ба вуқӯъ пайваста, ҷасади наваскари 22-солаи артиши Тоҷикистон Фирдавс Раҳматовро ҳамагӣ баъди 1 моҳи адои хизмат барои ба хок супурдан ба волидонаш оварданд. Он замон фармондеҳони полк, баталйон ва ротаи ин қисми низомӣ дар робита ба ин ҳодиса аз хизмат барканор шуданд.