Баҳриддин 20 рӯз баъд аз латукӯб ба по хест

Баҳриддин 20 рӯз баъд аз латукӯб ба по хест

Баҳриддин - як сарбози вазорати дифои Тоҷикистон, ки аз сӯи ҳамхизматаш латукӯб шуда буд, баъд аз 20 рӯз ба по хест. Масъулони вазорати дифоъ мегӯянд, ки ӯ то замони шифо ёфтанаш дар бемористон мемонад.

Масъулони қисми низомии 12019-и нерӯҳои зудамали вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯянд, сарбози латукӯбшуда Баҳриддин Насриддинов то замони шифо ёфтанаш дар бемористони Қарияи Боло мемонад. Пас аз 20 рӯз Баҳриддин Насриддинов, ки аз ҷониби ҳамхизмати худ латукӯб ва баъдан ҷарроҳӣ шуд, ба по хеста ва роҳ меравад.

Қутфиддин Насриддинов, падари Баҳриддин рӯзи чоршанбеи 25 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "пас аз 20 рӯзи ҳодисаи латукӯб ва бистарӣ шудан, субҳи имрӯз, писарам Баҳриддин ба по хест ва албатта бо кӯмаки мо роҳ рафт". Падари ин сарбоз гуфт, ки “ҳарчанд қарор аст, ки Баҳриддинро ба бемористони низомӣ интиқол бидиҳанд, аммо дар сӯҳбат бо пизишкон ба ин расидем, ки то пурра шифо ёфтанаш, дар бемористони Қарияи Боло таҳти муолиҷа бимонад.”

Вай гуфт, ки эҳтимол дорад, Насриддин муддати як ҳафтаи дигар дар бемористон бимонад ва баъдан ӯро барои идомаи табобат ба Хуҷанд баранд, то дар маркази реабилитасионӣ муолиҷа шавад. Аммо Қутфиддин Насриддинов гуфт, албатта барои идомаи табобати писараш маблағ лозим аст.

Дар ҳамин ҳол, масъулони қисми низомии 12019-и нерӯҳои зудамали вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфтанд, ки ин вазорат тамоми хароҷоти табобати сарбоз Баҳриддин Насриддиновро бар дӯш гирифтааст. Ҷамшед Талбаков, муовини фармондеҳи ин қисми низомӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ”аз рӯи сар задани ҳодиса раҳбарияти қисми низомӣ ва вазорати мудофиа тамоми талошро ба роҳ мондааст, то сарбоз Баҳриддин Насриддинов, ҳар чӣ зудтар шифо ёбад. Ин аст, ки то кунун ҳама хароҷоти табобат, аз ҷумла ҷарроҳии вай аз ҷониби вазорати дифоъ пардохт шудааст.”

Ба гуфтаи ҷаноби Талбаков, ҳамчунин навбатдории шабонарӯзӣ дар бемористони Қарияи Боло барои назорати вазъи саломатии сарбоз Баҳриддин Насриддинов аз ҷониби афсарону сарбозони қисми низомӣ ба роҳ монда шудааст.

Ин масъули қисми низомӣ дар мавриди эҳтимоли интиқоли Баҳриддин ба бемористони низомӣ гуфт, ки “албатта дар бемористон низомӣ шароит барои табобати сарбоз вуҷуд дорад, вале аз рӯзи аввал раҳбарияти қисми низомӣ ва вазорати дифоъ беҳтар донистанд, ки Баҳриддин дар бемористони Қарияи Боло табобат шавад. Ба ин далел, то замони пурра шифо ёфтан, ин сарбоз таҳти муроқибати пизишкон хоҳад монд.”

Ҷамшед Талбаков дар посух ба ин суол, ки тафтиши қазияи латукӯби Баҳриддин аз ҷониби ҳамхизматаш дар кадом поя қарор дорад, гуфт, ки “дар ҳақиқат нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи он аз ҷониби додситонии низомии шаҳри Душанбе ҷараён дорад”. Ҷаноби Талбаков афзуд, ки “дар ҳоли ҳозир сарбозе, ки Баҳриддинро латукӯб карда буд, дар боздоштгоҳи муваққатӣ аст.”

Ин ҳам дар ҳоле, ки волидайни Баҳриддлин аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бо гузашти ҳудуди се ҳафта, то ҳол ба онҳо иҷозаи рӯ ба рӯ шудан бо сарбозе, ки писарашонро латукӯб кардааст, намедиҳанд.

Аммо Олимҷон Каримов, муфаттиши парванда мегӯяд, то поёни тафтишот ин кор номумкин аст ва ба ин далел вай ҳақ надорад, волидайни Баҳриддинро бо сарбозе, ки ӯро латукӯб кардааст, рӯ ба рӯ кунад. Аммо муфаттиш иддао дорад, ки латукӯби Баҳриддин қасдан сурат гирфтааст.

Ҳодисаи латтукӯби Баҳриддин Насриддинов, соати 7:30 дақиқаи субҳи 6-уми март иттифоқ афтода буд. Ба гуфтаи муфаттиш ва волидайни Баҳриддин, субҳи ҳамон рӯз дар ошхонаи қисми низомӣ миёни Баҳриддин ва сарбоз Пӯлодов, ки то ҳол номаш ошкор намешавад, хархаша ба миён омада ва баъдан мавриди лату куб қарор гирифтааст. Ташхис мушаххас кардааст, ки дар пайи ин ҳодиса устухони косахонаи сари Баҳриддин шикастааст ва пизишкони Беморхонаи Қарияи Боло ин сарбозро ҷарроҳӣ карданд. 

Баҳриддин Насриддинови 22-сола, наздик ба ду соли пеш аз шаҳри Хуҷанд барои хизмати аскарӣ ба қисми низомии 12019-и Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе даъват шуд. Ҳатто ба гуфтаи волидайнаш, Баҳриддин қабл аз хизмат ба онҳо гуфта будааст, ки “беҳтараш, меравам, хизмат мекунам. Одам як сол мегурезед ё ду сол. Нашавад то 29-30-солагӣ гурехта гардам”. Ба таъкиди волидайнаш, то ин дам Баҳриддин на аз хизмати низомӣ ва на аз ҳамхизматҳояш, ҳеҷ шикояте надошт.

Ozodi