Баҳс то додгоҳ расид. Зиёни шиканҷаи Ёдгоров ҷуброн мешавад?

Санаи 9-уми феврали соли 2022 шаҳрванд Ёдгоров Ҳасан Маҳмадраҷабович ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамчун даъвогар ба ҷавобгарии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвои рӯёнидани зарари маънавӣ ба маблағи 400 000 сомонӣ барои дастгир кардан ва дар ҳабс нигоҳ доштан муроҷиат намуд.

Санаи 17-уми июни соли 2021 бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода Азизов Ш., Давлатмуродзода С. ва корманди Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Наимов Э. бо моддаҳои 143, эзоҳи 1 (Шиканҷа), 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлатҳои аз 10 то 13 сол аз озодӣ ва аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян дар мақомоти ВКД ҶТ маҳрум гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 7-уми ноябри соли 2017 Ёдгоров Ҳасан Маҳмадраҷабович бо гумони содир намудани ҷинояти пешбининамудани моддаи 104 (Куштор)-и КҶ ҶТ аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода дастгир шуда буд. Тавре дар ҷараёни тафтишот маълум шуд, кормандони милиса Ҳасан Ёдгоровро барои эътироф намудани ҷинояти содир накардааш шиканҷа ва латукӯб кардаанд.

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳасан Ёдгоров пас аз куштори Дмитрий Каримов, пешхизмат аз шаҳри Турсунзода дар тирамоҳи соли 2017 оғоз шуда буд. Ҷасади марҳум дар манзили иҷора пайдо шудааст. Телевизиони Тоҷикистон навори омодакардаи Вазорати корҳои дохилиро намоиш дод, ки дар он Ҳасан Ёдгоров, гумонбар дар ин куштор ба гуноҳи худ иқрор шуд. «Ӯ бо қурбонии худ дӯст буд. Рӯзи 6-уми ноябр, бегоҳӣ ӯ ба манзиле, ки Дмитрий дар иҷора буд, омад, ки гӯё дар бораи иҷораи манзил суҳбат кунад, аммо дар асл бо ҳадафи ғоратгарӣ. Тавре худи Ёдгоров иқрор шуд, ба манзил даромада, бо Дмитрий суҳбат кард ва вақте ба ақиб гашт, кордро берун оварда, аввал ба тарафи чап ва баъд ба росташ зад. Вақте ки Дмитрий аз зарбаҳои ғайричашмдошт хам шуд, Ёдгоров ба гардани ӯ корд зад. Ӯ иқрор шуд, ки 5 зарбаи корд задааст”,- омадааст дар гузориши телевизионӣ.

Ёдгоров Ҳасан муддати 8 моҳ дар тавқифгоҳи тафтишотӣ нигоҳ дошта ва танҳо баъд аз дастгир намудани ҷинояткори аслӣ аз ҳабс озод карда шуд.

Муҳокимаҳои судии пай дар пай давоми 3 сол ба вазъи саломатӣ ва руҳии Ёдгоров Ҳ. таъсири худро расониданд.

Ёдгоров Ҳасан аз вақти ба дунё омадан маъюби гуруҳи 2-юм буда, таҳти таъминоташ се фарзанди ноболиғ дорад.

Баррасии даъвои мазкур аз ҷониби Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар санаи 6-уми апрели соли 2022 дар бинои суд муайян карда шудааст. Дар суд ҳуқуқу манфиатҳои даъвогарро Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зиддӣ шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон намояндагӣ ва ҳифз менамояд.

NoTorture.Tj