Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Руз ба хайр, дустон! Ду ҳафтаи огоҳонии фаъол оиди кори барномаи мобилии «Ман ва ҳуқуқҳои ман» паси сар карда шуданд. Дар ин муддат мо бо Шумо қариб тамоми ҷузъиётҳои барномаро баррасӣ кардем.
Диққати асосӣ ба қисми "Барои ҷабрдидагон аз зӯроварӣ" равона карда шуда буд, зеро барои мо расонидани маълумоти мураккаби ҳуқуқи барои хонандагон дар шакли соддакардашуда муҳим буд. Шумо фаҳмидед, ки шиканҷа, дастгиркунии маъмурӣ, зӯроварӣ дар оила чист ва ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва ГКА - ро (гуруҳи калиди аҳолӣ) дида баромадем.
Илова бар ин, дар барнома ба таври возеҳ кадом амалҳоро дар сурати вайрон кардани ҳуқуқҳо дар ҳолатҳои тавсифшуда нишон дода шудааст, инчунин раҳнамо кор мекунад, ки дар он метавонед алокаҳои заруриро пайдо кунед.
Ба наздикӣ, 1 июн, соати 14:00 мо чорабинии иттилоотии «Ман ва ҳуқуқҳои ман»- ро ҷамъбаст хоҳем кард. Пеш аз иштирок дар викторинаи онлайнӣ насб кардан ва мутолиа намудани барномаи мобилиро фаромӯш накунед. Ин ҳангоми санҷиш ба Шумо муфид хоҳад буд.
Хотиррасон менамоем, ки ҳамаи фаъолиятҳо бо дастгирии барномаи Евразиягии Фонди Ҷамъиятҳои Кушода ва Фонди Зигрид Раузинг Траст амалӣ гашта истодаанд. Инчунин чорабиниии мазкур дар доираи лоиҳаи идораи БРСММ дар Тоҷикистон "Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои одамон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби ТҶ «Центр по правам человека» татбиқ карда мешавад, бо дастгирии молиявии ВКХ Финляндия гузаронида шуда истодааст.
#HRCTajikistan #HumanRights #mobileapp #informationcampaign #Tajikistan
#ЧорабинииИттилооти # МанваҲуқуқҳоиМан #БарномаиМобили #БотТелеграм