Барои он, ки маҳбусон ё шахсони бо онҳо алоқаманд ба хатари эҳтимолии зарар дучор нашаванд, бояд раванди кафолатҳои мурофиавӣ риоя карда шавад

Ба шумо мунтахаби Стандартҳои ҳадди ақал оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела пешкаш менамоем, ки ҳамасола 18-уми июл ҷашн гирифта мешавад.

Стандартҳои ҳадди ақали мазкур бояд барои мусоидат ба таъмини шароитҳои инсондӯстонаи маҳбасҳо, баланд бардоштани маълумотнокӣ дар мавриди он, ки маҳбусон қисми ҷудонашавандаи ҷомеа мебошанд ва эътирофи арзиши кори кормандони маҳбас ҳамчун хидмати иҷтимоии дорои аҳамияти махсус ба эътибор гирифта шаванд (17-уми декабри соли 2015 бо Қатъномаи 70/175-и Ассамблеяи Генералии СММ қабул шудааст).

«Қоидаи 34: Агар дар ҷараёни муоинаи маҳбус ҳангоми қабул ё расонидани ёрии тиббӣ ба маҳбус, мутахассисони соҳаи тиб аз ҳама гуна аломатҳои шиканҷа ё дигар муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ё ҷазо огоҳ шаванд, онҳо бояд чунин ҳолатҳоро ҳуҷҷатгузорӣ кунанд ва ба мақомоти салоҳиятдори тиббӣ, маъмурӣ ва судӣ хабар диҳанд. Барои он, ки маҳбусон ё шахсони бо онҳо алоқаманд ба хатари эҳтимолии зарар дучор нашаванд, бояд раванди кафолатҳои мурофиавӣ риоя карда шавад”.

Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муносибат бо маҳбусон (Қоидаҳои Нелсон Мандела)

NotortureTj