Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Муҳтарам рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО!
Ташкилоти ҷамъиятии "Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон", ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, намояндагони ВАО ва рӯзноманигорони НТМ, шаҳрҳои Душанбе ва Бохтарро (журналистони ВАО-и давлатӣ ва мустақил, кормандони хадамоти матбуот, телевизион, радио, блогерҳо ва фрилансерҳои ВАО) ба семинар: "Инъикоси озодӣ аз шиканҷа ва дигар шаклҳои бадрафторӣ тибқи Нақшаи миллии амалҳо дар ВАО ", ки 14 октябри 2021 дар меҳмонхонаи ATLAS (Душанбе) баргузор мешавад, даъват менамояд.
Омӯзиш ба такмили малакаҳои журналистӣ дар инъикоси озодӣ аз шиканҷа ва дигар муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф нигаронида шудааст.
Ба иштирокчиёни семинар инчунин тавсияҳо ва воситаҳо барои муоширати муассир бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои манфиатҳои қурбониёни шиканҷа ва оилаҳои онҳо, омодасозии маводи журналистӣ оид ба «парвандаҳои шиканҷа», ки дар якҷоягӣ бо адвокат ё ҳуқуқшинос кор мекунанд, пешниҳод карда мешаванд.
Ҳар як иштирокчӣ имкон дорад як маводро барои нашри минбаъда дар медиаресурси шахсӣ ва/ё вебсайти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон https://notorturetj.org дар мавзӯъҳои "Инъикоси мушкилоти мубориза бо шиканҷа” ҷиҳати иҷроиши Нақшаи миллии амалҳо барои иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа барои солҳои 2019-2022, пешниҳод амояд.
Матни қаблан омодашуда пазируфта мешавад. Забони пешниҳоди мавод: русӣ ва тоҷикӣ. Барои беҳтарин мавод мукофоти ҳавасмандӣ дода мешавад.
Семинар барои журналистон ва намояндагони ВАО аз НТМ, шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар нигаронида шудааст.
Вақт ва макон: 14 октябри соли 2021 дар Душанбе, меҳмонхонаи ATLAS. Оғоз: 09.00.
Иштироки худро бо нишон додани номи пурраи худ, номи ВАО ва вазифаи худ тавасути почтаи электронӣ - notorturetjk@gmail.com бо матни мактуб: "Иштирок дар семинар" ё бо телефон (+992) 900007764 тасдиқ намоед. Дархостҳо то 10 октябри 2021 қабул карда мешаванд.
Роҳкиро барои иштирокчиён аз ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Бохтар пас аз пешниҳоди ҳуҷҷати молиявии дахлдор (чипта аз автовокзал ва квитансияи хазинавӣ) пардохт карда мешавад.