Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи 11-уми январи соли 2019 бо ташаббуси Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати Комиссари Олии СММ ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баҳри баррасии Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 вохӯрии корӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз ду бахш - муаррифии мухтасари Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ва муаррифии натиҷаҳои фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон иборат буд.
Дар оғози вохӯрӣ Каримзода Шараф, намояндаи Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони ҷамъомадро хайрамақдам гуфт ва аз ҷумла зикр намуд: «Тавре иттилоъ доред, дар чорабинии қаблие, ки моҳи октябри соли 2018 баргузор гардид, мо ҳамроҳи шумо тарҳи нақшаи чорабиниҳоро оид ба амалишавии тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа баррасӣ карда будем. Бинобар таклифу пешниҳодҳо, дар натиҷаи баррасиҳо ба хулоса омада будем, ки ҳамаи таклифҳо ҷамъбаст мегарданд ва боз як баррасии дигар ташкил карда мешавад. Ва имрӯз, баъд аз дастрас намудани таклифҳои тамоми ҷонибҳои манфиатдор, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ, тарҳи ниҳоии нақша таҳия шуд, ки чорабинии имрӯзаи мо ба баррасии тарҳи мазкур бахшида мешавад. Бо истифода аз фурсати муносиб ман ба иштирокдорони чорабинии имрӯза, аз ҷумла Раёсати Комиссари Олии СММ, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, умуман ба тамоми шарикони мо аз созмонҳои байналмилалӣ ва намоядагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар баррасии мавзуҳои мубрам вобаста ба ҳуқуқи инсон фаъолона иштирок менамоянд, изҳори сипос мекунам».
Роҳбари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Нурмаҳмад Халилов дар навбати худ натиҷаҳои асосии фаъолияти гуруҳҳои амалкунандаи Эътилофро дар соли 2018 муаррифӣ намуда, ба Прокуратураи генералии ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии ВА ҶТ ва дигар ниҳодҳои марбута барои ҳамкориҳои самарабахш миннатдорӣ баён кард.
Дар анҷом Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022, ки иборат аз бандҳои тафтиши ҳолатҳои татбиқи шиканҷа, чораҳои ҷазо барои амалҳои шиканҷа, таҳкими фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолатҳои асосии ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба адвокати мустақил, тафтиши ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, шароити дар ҳабс нигоҳ доштан, механизми мустақили қабул ва баррасии шикоятҳо, ҷуброну офиятбахшӣ ва ғайра буд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта, пешниҳодот ироа гардиданд.