Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Имрӯз Суди ҳарбии гарнизони Душанбе баррасии парвандаи Мақсуд Носировро ба рўзи дигар гузошт.
Баррасикунандаи ин парванда судя Лоиқзода Наҷмуддин Абдураҳим бо сабаби зарурати пурсиши равоншинос, ки ҳаҷми зарари маънавӣ тибқи хулосаи ӯ муайян гардидааст, баррасии парвандаро ба рӯзи 27-уми сентябр, соати 9:00 ба таъхир гузошт.
Ба иттилои адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев, аввали моҳи июли соли ҷорӣ бо аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани зарари маънавӣ ба суд муроҷиат карда шудааст, ки 429 ҳазору 400 сомонӣ аз ҳисоби Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида шавад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки “мо интизор дорем талаботи даъвогиямон бо назардошти он зарари маънавӣ, ки ба даъвогар расонида шудааст, ба таври пурра аз ҷониби суд қонеъ карда мешавад. Ман чунин мешуморам, ки талаботи мо ба принсипи оқилонаву одилона ҷавобгӯ мебошад”.
Мурот Носиров, падари Мақсуд Носиров мегўяд, ки “зарари моддию маънавиро ман талаб дорам, чизи дигаре не, ҳақиқат будагист. Ба суд бовар мекунам. Адолат будагист”.
Ёдрас мекунем, ки санаи 27-уми январи соли 2014 чанде аз хизматчиёни ҳарбии дидбонгоҳи марзии қисми низомии 2587, воқеъ дар ноҳияи Спитамен бо мақсади “тарбия намудан” сарбозони ҷавонро саф кашонда, ба гулӯву дигар аъзои бадани ҳар кадоми онҳо зарба заданд. Пас аз ин зарбаҳо сарбоз Мақсуд Носиров беҳуш шуда, ӯро ба шуъбаи хуфтухези сарбозон мебаранд, ки дар он ҷо ӯ ба ҳуш наомада, ба ҳалокат мерасад. Бар асоси ташхиси судиву тиббӣ, Мақсуд Носиров ба иллати ҷароҳатҳои вазнин бардоштан дар ҷисмаш (хунравии дохилӣ, хунравии рӯдаи борик ва ғайра) ба ҳалокат расидааст.
Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд аз 8-уми майи соли 2014 М. Юнусов ва Н. Шарифзода дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «б, в, д» (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва Ш. Нуров ва Б. Шераев мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «б, в» гунаҳкор дониста шуда, ин сарбозони собиқадор ба муҳлати аз 5 то 7,5 соли зиндон маҳкум шуданд.