Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Бобоҷон Раҳимов, сарбози пешини нерӯҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, иддао дорад, ки ҳангоми хидмат дар артиш маъюбу дастнигар шудааст. Мақомот мегӯянд, Бобоҷон Раҳимов ҳангоми дарс дар қисми низомӣ якбора ба сактаи ҳароммағз гирифтор шуд.
Ин ҷавони 20-сола аз ноҳияи Восеъ моҳи октябри соли 2017-ум ба хидмат рафт ва моҳи ноябри ҳамон сол дар шифохона бистарӣ шуд.
Табибон баъди муоина дар хулосаи тиббӣ навиштаанд, ки ҳангоми ба бемористон овардани Бобоҷон Раҳимов дар рӯзи 30-юми ноябри соли 2017 вазъи бемор вазнин буд ва дар қисми камар ва чорбанди сутунмуҳра захми 12-сантиметрӣ дида мешуд.
"Модарамро барвақт аз даст додам. Падарам аз мо ҷудо шудааст ва боре ҳам надидаам. Маро бибиям бузург кардааст. Як бача ҳастам. Бо вуҷуди ин даъватнома фиристоданд ва маро ба артиш бурданд. Дар қисми ҳарбии ВКД дар ноҳияи Варзоб хидмат мекардам", -- гуфт Бобоҷон Раҳимов рӯзи 20-уми август ба хабарнигори Радиои Озодӣ.
Вай нақл кард, ки соли 2017 дар ҷараёни хидмат яке аз сарбозон ба тарафи дилаш зад ва баъд аз он ӯ маъюбу дастнигар шуд: "Се-чаҳор моҳ нигоҳубин карданду бас. Баъд гуфтанд, ки дигар намешавад. Акнун ба зангҳоям низ ҷавоб намедиҳанд."
Ин сокини ноҳияи Восеъ гуфт, дар аввал ба хотири он ки ӯро табобат мекунанд, ба ҷое шикоят накарда буд. Вале ҳоло мехоҳад гунаҳкоронро муҷозот ва барои табобати ӯ кумак кунанд.
Фаррух Ҷобиров, сардори собиқи шӯъбаи тиббии раёсати нерӯҳои вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Бобоҷон Раҳимовро касе назадааст.
Вай гуфт: “Ягон кор нашудааст. Дар вақти дарс ором нишаста дарс мехонданд, якбора ҳушаш меравад, меафтад. Ин ҳама тафтиш шудааст. Комиссияи марказии ҳарбии тиббӣ хулосаашонро ҳам додаанд. Вазорати тандурустӣ, вазири корҳои дохилӣ дар ҷараён буданд, ҳаматарафа диданд, ин гуна ҳолатҳо набуд."
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Бадрафторӣ бо сарбозон дар артиши Тоҷикистон як мушкили ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. То кунун даҳҳо сарбоз барои латту кӯби ҳамхидмат ё зердаст муҷозот шудаанд.
Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.
Мақомот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки солҳои ахир дар пайи барномаҳои вижаи тарбиявиву фарҳангии онҳо дар қисмҳои низомӣ як пешравие дар амри ислоҳи вазъ дар артиш ҳосил шудааст, вале боз ҳам ҳодисаҳои хушунат дар артиш ба чашм мехӯрад.