Боздиди Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз зиндони пуровоза

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ё Омбудсмени тоҷик бо вазъи маҳбусон дар зиндони рақами 4-и шаҳри Душанбе шахсан шинос шуд ва вазъро дар ин муассиса "мусбат номид". Ин зиндонест, ки ду моҳи ахир беш аз ҳама мояи шикояту нигарониҳо будааст.

Ҳусниддин Нидоев, масъули идораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени тоҷик мегӯяд, ин нахустин дидори Умед Бобозода аз ин зиндон пас аз расиданаш ба мақоми омбудсменӣ буда, ҳадаф аз он шиносоӣ бо вазъи маҳбусон аст. Боздид аз зиндони 4-пойтахт бе эълони пешакӣ ва ба таври ногаҳонӣ сурат гирифта, Бобоев натиҷаҳои онро мусбат ва вазъи маҳбусонро хуб меномад.

Ин дар ҳолест, ки шикваи маҳбусони зиндони мазкур аз “шиканҷа ва пулситонии кормандони маҳбас” ва “азияту бадрафторӣ нисбати маҳбусон“ ахиран дар сархати расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст.

Ҳусниддин Нидоев мегӯяд, Омбудсмени тоҷик дар баробари дигар масъалаҳо, аз ҳолатҳои шиканҷаву бадрафторӣ аз маҳбусон низ пурсон шуд, вале, ба гуфтааш, "вуҷуди чунин муносибат нисбати зиндониён" тасдиқи худро наёфт. Нидоев мегӯяд, ки бахши муҳими шикояти зиндониён ба ҳукмҳои додгоҳӣ ва пурсишҳояшон ба эҳтимоли афви умумӣ марбут буд ва мепурсиданд, ки афв мешавад ё не: «Чун ин масъала ба мо бастагӣ надорад, посухи мушаххас надодем, лекин гуфтем, умедворем ва бовар дорем, мешавад”.

Қаноатмандии Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз вазъу шароити маҳбусон дар зиндони 4-и пойтахт дар ҳоле садо медиҳад, ки бархе аз маҳбусони собиқи ин муассиса шароити онро сангин арзёбӣ мекунанд. Рӯзи 6 май як маҳбуси собиқи зиндони рақами 4-и Душанбе, ки нахост, номаш бурда шавад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, борҳо шоҳиди шиканҷаи маҳбусон аз сӯи маъмурони ин маҳбас шудааст: “Чанд боре шоҳиди он будем, ки маҳкумшударо дар назди дигар маҳбусон мезананд, шиканҷа медиҳанду ҳақорат мекунанд, аз ин маҳбас хотироти талхе дорем”.

Охирҳои моҳи март шикояти гурӯҳе аз зиндониёни ин маҳбас ба унвонии сардори Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон расонаӣ шуда буд. Дар он аз ҷумла, гуфта мешуд, ки раҳбарияти зиндон ва зердастонашон “ҳар рӯз зиндониёнро азоб медиҳанд, латту кӯб мекунанд ва дар ШИЗО ҷой мекунанд.”

Ҳусниддин Нидоев, масъули дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон мегӯяд, вобаста ба шикоятҳои ахир санҷиш гузаронидаанд ва ин шикоят исботи худро наёфтааст. Ӯ мегӯяд, дар баробари ин ки ҳолати шиканҷаро дарёфт накардаанд, ҳамчунин шоҳиди он шудаанд, ки шароити маҳбусон, аз ҷумла хурокашон хуб аст: “Масалан, дар номгуи ғизоҳои нисфирӯзияшон макарон, преловка, нахуд, гречка, гушт, шарбат ҳаст, яъне чизе, ки онҳо мехӯранд, шахсан ман дар хонаам намехурам”.

Гузориши Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз вазъи зиндони 4-и шаҳри Душанбе барои пайвандони маҳбусон хушхабар аст, аммо ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, ба маротиб беҳтар буд, агар Омбудсменро дар ин сафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамроҳӣ мекарданд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик рӯзи 6 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он ки Омбудсмени тоҷик пойбанди ҳукумат асту мустақилият дар фаъолияташ дида намешавад, наметавонад бо анҷом додани боздидҳо аз ҳақиқати зиндонҳои кишвар гӯяд. Ба қавли Бобоназарова, барои он ки кори идораи Омбудсмени тоҷик дар ростои ҳимояи ҳуқуқуи инсон, хусусан маҳбусон ҷоннок шавад, бояд пеш аз ҳама истиқлоли ин ниҳод барқарор бошад ва ҳарфаш дар додгоҳ шунида ва эҳтиром шавад: “Чун тавассути додгоҳ дархост мекунад ва анҷом медиҳад корҳои худро, дар ҳоле ки адолати додгоҳӣ набошад, фаъолияти чунин идора натиҷа намедиҳад”.

Нақзи ҳуқуқи зиндониҳо дар Тоҷикистон масъалаест, ки борҳо мавриди интиқоди коршиносон қарор гирифтааст.

Дар пайи ошӯби зиндониҳо дар маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд дар моҳи ноябри соли 2018, ки бо марги 25 нафар, аз ҷумла ду зиндонбон анҷомид, яке аз сабабҳои ин ҳодиса, ба гуфтаи бархе зиндониҳои собиқ, бадрафторӣ нисбат ба зиндониҳо будааст. Ҳарчанд мақомоти тоҷик ин ҳодисаро шарҳ надодаанд, баъди ин раҳбарияти низоми зиндонҳои кишвар иваз шуд.

Баъзе мунтақидон мегӯянд, ҳодисаҳои поймолшавии қонун дар зиндонҳо ба хотири баста будани ин муассисаҳо аз чашми ҷомеа рух медиҳад ва зиндониҳо дар ҳолати вобастагӣ аз амру хости зиндонбон қарор мегиранд. Дар сурати шикояти онҳо ба сохторҳои дахлдор, исбот кардани қонуншиканиҳо душвор аст.

Кумитаи мубориза зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта аз беҷазо мондани маъмурони ҳифзи ҳуқуқ барои шиканҷа ва рафтори дағалона дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд. Ин созмон дар хулосаи худ гуфт, Додситонии кулли Тоҷикистон солҳои охир дар мавриди шиканҷа 89 шикоят дастрас кард, аммо фақат чаҳор корманди сохторҳои ҳифзи қонун ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

ozodi