Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мақомоти интизомӣ дар шаҳри Норак, ҷануби Тоҷикистон ду афсари қисми низомии 05-10-50-и Гвардияи миллӣ дар ҳамин шаҳрро баъди марги як сарбоз боздошт намуда, дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд.
Мақомот мегӯянд, исми афсарони боздоштшударо то анҷоми тафтишот фош намекунанд, вале тасдиқ карданд, ки афсарон баъди марги сарбози 20-сола боздошт шудаанд. Марги сарбоз Ҳасан Каримов рӯзи 28-уми феврал сабт шуда, ҷасад рӯзи 1-уми март барои хоксупорӣ ба волидонаш супурда шуд.
Як мақоми қисми низомие, ки Каримов хизмат мекард, рӯзи 2-юми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ду нафар аз кормандони қисми низомӣ бо дастури мақомоти додситонӣ боздошт шудаанд ва тафтишот идома дорад. Ин масъули қисми низомӣ маълумоти бештар надод, аз гуфтани номи ду афсари боздоштшуда худорӣ кард.
Фаррух Маҳмадов, як афсари ҳамин қисми низомӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тафтишоти марги сарбоз идома дорад ва онҳо сабабашро намедонад, ки чӣ аст ва чаро сарбоз дар қисми низомӣ ҷон додааст: "Тафтишот рафта истодааст, прокуратура назорат мебарад, ҳоло ҳама аз пушти ҳамин кор ҳастанд".
Як мақом дар ҳукумати шаҳри Левакант (собиқ Сарбанд) гуфт, ки ҷасади беҷони сарбози 20-сола Ҳасан Каримов рӯзи 1-уми март аз ҷониби хонаводааш ба хок супурда шуд.
Сафархон Нуралиев, корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Леваканд низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сабаби марги сарбоз барои онҳо маълум нест: "Сабаби маргаш маълум нест, ба мо ҷасадро оварда доданд, суроғаашро пурсиданд, ин ҷавон аз шаҳри мо буд, вале аз ҳисоби сарбозони ноҳияи Хуросон ба сарбозӣ рафтааст."
Ҳасан Каримов, сарбозе, ки 6 моҳи пеш ихтиёрӣ ба сарбозӣ рафта буд, сокини деҳаи Вахши ҷамоати Ваҳдати шаҳри Леваканд мебошад. Наздикон ва ҳам мақомот мегӯяд, ки дар тани ӯ осори лату кӯб ё хушунатро мушоҳида накардаанд, ва барои онҳо сабаби марги фарзанд як муаммо боқӣ мемонад.
Рустам Каримов, падарандари Ҳасан Каримов, ки ӯро аз кӯдаки тарбия кардааст, гуфт, ки писар шаш моҳи пеш бо хоҳиши худ ба хизмати артиш рафт. Ҷасади Ҳасанро дар ноҳияи Вахш, дар деҳаи падари хуниаш ба хок супурдаанд. Рустам Каримов гуфт, ки модари Ҳасан дар ҳолати шок қарор дорад.
"Саломатии писарам хуб буд. Чанд рӯзи пеш ба хабаргирии модараш омада буд. Гуфт, ки хуб аст. Вале он рӯз шом ба ман занг зада гуфтанд, ки писарат мариз шудааст. Рафтам, ки ба ман ҷасадашро доданд. Овардам. Намедонам, ки чӣ шудааст. Ба мо низ сабаби маргашро нагуфтанд, вале шикоят мекунем, ки ба мо маълум созанд, ки чаро ӯ мурд",-гуфт Рустам Каримов.
Қисми низомии 05-10-50-и Гвардияи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ҷойгир аст. Сарбозони ин қисми низомӣ асосан ба таъмини бехатарии нерӯгоҳи барқи обии Норак машғул ҳастанд.
Дар аксар хабарҳое, ки марбут ба маргу мири сарбозон дар ҳангоми хидмат дар артиш дар матбуот нашр мешаванд, эҳтимоли латукӯб шудани онҳо аз ҷониби кӯҳнасарбозон ва ё афсарон бисёр садо медиҳад.
Баҳодури Абдусалом, коршиносе, ки дар соли 1997 хизмати сарбозиро анҷом додааст, мегӯяд, ки вазии муносибати кӯҳнасарбозон ба сарбозон бояд назар ба солҳои пеш хуб бошад, вале хабарҳое, ки дар расонаҳо пахш мешаванд, ҷавононро аз сарбозӣ дилсард мекунад.
Ӯ гуфт, "агар назар ба чанд соли пеш назар кунем, ҳолати шароити қисмҳои низомӣ аз ҳама ҷиҳат хуб шудааст, хурду хӯрок ва муносибат, вале чун як сарбоз дар ҳолати фавқулодда аз ҷое мефавтад ё дасту пояш мешиканад ба матбуот роҳ меёбад, ки дигар ҷавонон аз сарбоз шудан худдорӣ мекунад ва барои иҷрои нақшаи сарбозӣ ба роҳи даъвати иҷборӣ нақшаро пур месозанд."
Хушунати низомиён ва зӯргӯии сарбозони баландрутбаву ботаҷруба аз болои сарбозони ҷавон дар артиши Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Мақомот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки дар пайи барномаҳои вижаи тарбиявиву фарҳангии онҳо дар қисмҳои низомӣ як пешравие дар амри таҳрири вазъ дар артиш ҳосил шудааст, вале боз ҳам ҳодисаҳои хушунат дар артиш ба чашм мехӯрад.
Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.
Айни замон, фаъолони ҳуқуқи башар ва созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, ки солҳои охир бархурди мақомот ба шикоятҳо дар заминаи латукубу азияти сарбозон дар артиш хеле ҷиддитар шуда дар ин замина тадбирҳои ҷиддии ҷилавгирикунанда аз муносибати ғайриоинномавӣ миёни сарбозон гирифта мешаванд.
Ин созмонҳо мегӯянд, ки ҳамкории қисмҳои низомӣ ва дигар сохторҳои дахлдор бо фаъолон дар ин масоил беҳтар шуда, ҳолатҳои ба ҷавобгарӣ кашида шудани афсарон ҳам ба назар мерасад, дар ҳоле, ки дар гузашта бештар танҳо бо ҷалби сарбозон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кор анҷом мешуду халос.