Боздошти ду афсари милиса барои тамаъҷӯӣ ва ҳабси ғайриқонунӣ

Оҷонсии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо фасод ду афсари пулисро ба иттиҳоми ришваситонӣ ва ҳабси як сокини Ҳамадонӣ боздошт карда, парвандаи якеро ба додгоҳ фиристодааст.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб ду афсари пулисро ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ боздошт кардааст. Ба иттилои манбаъ аз ин ниҳод, Шодӣ Каримов – муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии Шӯрообод ва Зокир Назаров - лейтененти милисаи Ҳамадонӣ ҳангоми гирифтани ришва дастгир шудаанд.

Ҷомӣ Ашӯров, муфатиши парвандаи Зокир Назаров, мегӯяд, ин лейтеннати милиса бар илова барои ҳабси ғайриқонунии Ҷумъахон Ойаҳмадов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ низ муттаҳам мешавад. Ба қавли Ашӯров, “ин маъмури пулис ҳатто Ойаҳмадовро барои корҳои шахсияш истифода кардааст.” 

Ин сокини рустои Гулистони ноҳияи Ҳамадонӣ дар се рӯзи боздошт ва чанд моҳи баъди он василае барои ришваситонӣ ва тамаъҷӯӣ аз волидонашон шудааст. Баъди сарсониву саргардонии зиёд ва муроҷиат ба вакили дифоъ ба модари Ҷумъахон Ойаҳмадов муяссар шудааст, ки ба тамаъҷӯии муфаттиши шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ хотима диҳад.

Ҷумъахон Ойаҳмадовро афсари шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ, ки ҳоло парвандааш дар додгоҳ аст, баъди як ҷанҷоли хурд бо писарони ҳамсоя ғайриқонунӣ дастгир кардааст ва ба гуфтаи муфаттишон ва бо ваъдаи раҳоӣ аз онҳо ҳазорон сомонӣ ришва гирифтааст.

Ҷумъахон Ойаҳмадов мегӯяд, шаби 31-уми декабр бо писари ҳамсоя ҷанҷол карданд ва ҳамсоя моҷароро то ба шӯъбаи умури дохилӣ кашид. Зокир Назаров, лейтенанти милиса баъди ин ҳодиса, Ҷумъахонро ба боздоштгоҳ мебарад ва тамаъҷӯӣ ва ришвахоҳӣ ҳам шурӯъ мешавад. Алайҳи ин ҷавон ва падараш бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд ва онҳо маҷбур мешаванд, дар додгоҳ 14 ҳазор сомонӣ ҷарима супоранд.

Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, назари вакили дифои Зокир Назаров афсари боздоштшударо бигирад, вале айни замон мақомоти Оҷонсии мубориза бо фасод гуфтанд, ки яке аз ҳамкорони Зокир Назаров, Шодӣ Каримов муфаттиши шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шурообод низ бо айни иттиҳом, яъне тамаъҷӯӣ ва ришвахорӣ боздошт шудааст ва таҳқиқи парвандаи ҷиноии ӯ идома дорад.

Ozodi