Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Волидайн ва наздикони 59 маҳбусе, ки дар зиндони Хуҷанд ба сар мебаранд, мавриди бозпурсии додситонии махсуси назорати зиндонҳо қарор гирифтаанд.
Рустам Азизов, муфаттиши додситонии махсуси назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Додситонии кулли Тоҷикистон, дар як суҳбати бидуни микрофон гуфт, ки ин бозпурсиҳо дар доираи қонун сурат мегиранд ва тафсилот дар ин маврид пас аз анҷоми парванда эълон хоҳад шуд.
Бино ба иттилое, ки ба дасти мо расид, бо тақозои додситонии вилояти Суғд, ки наворҳои шиканҷаи се зиндонӣ дар маҳбаси Хуҷандро таҳқиқ мекунад, додситонии махсус дар Душанбе ба бозпурсии волидайни маҳбусон шурӯъ кардааст. Дар наворҳои 12-уми декабри соли гузашта нашршуда се маҳбус нақл мекунанд, ки баробари интиқол ёфтан ба Хуҷанд мавриди латукӯби шадид қарор гирифтаанд.
Адолат, яке аз пайвандони маҳбусе, ки ба Хуҷанд интиқол ёфтааст, ба радиои «Озодӣ» гуфт, ӯ бо иттифоқи хушдоманаш ба додситонии махсус рафт ва баёнот дод: «Шумо кай назди прокуратура рафтед, чӣ гап шуду чӣ кор шуду… Баъд дар бораи ҳамонҳое, ки аз дигар гурӯҳ будаанд, дар бораи ҳамонҳо пурсиданд. Аммо мо гуфтем, ки мо онҳоро намешиносем ва мо танҳо ба он хотир рафтем, ки фаҳмем, чаро шавҳари маро ба Хуҷанд бурдаанд. Гуфтанд, ки шавҳари ман ҳам бо онҳо будааст, ки ман гуфтам, онҳоро намешиносам. Воқеан, онҳоро ман намешиносам».
Дар ҳамин ҳол, Маҳмурод Одинаев, падари яке аз 59 маҳбусе, ки ба Хуҷанд интиқол ёфтаанд, мегӯяд, хеле афсӯс мехӯрад, ки мақомот ба ошкор кардани паҳнкунандагони навори видеоӣ ва ба истилоҳ "созмондиҳандагон"-и ҷамъомади волидайну наздикон дар назди додситониро таҳқиқ мекунанд, на худи мавриди шиканҷаро, ки дигар барояшон ягон исбот зарур нест: «Асли гап ин аст, ки агар фарзандон дар Хуҷанд латукӯб намешуданд, падару модарон дар дари Додситонии кулл ҷамъ намеомаданд. Чун ин хабар омад, онҳо ҳам омаданд, то пурсанд, ки чӣ гап мегузарад».
Дар додситонии махсус ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки онҳо дар пайи таҳқиқи кадом як видео ва ошкор кардани гурӯҳе нестанд, балки арзу шикояти волидайн ва чанд суоли аз сӯи додситонии вилояти Суғд ирсолшударо мепурсанд. Бино ба иттилои мо, расонаҳое, ки наворҳои шиканҷаи маҳбусонро нашр кардаанд, низ мавриди бозпурсӣ қарор мегиранд, аз ҷумла радиои «Озодӣ».
Наворҳои нақли маҳбусони шиканҷадида дар моҳи декабр дар пайи он пахш шуданд, ки пас аз марги мармузи зиндонӣ Ҳамза Икромзода дар маҳбасҳои рақами 1 ва 6-и Раёсати ислоҳи ҷазои Вазорати адлия моҳи октябр 59 маҳбус аз Душанбе ба маҳбаси шумораи 3-и Хуҷанд интиқол ёфтанд. Наздикон онҳоро шоҳидони марги маҳбус унвон карданд, ки бояд ба мақомот шоҳидӣ медоданд. Интиқоли маҳбусон аз Душанбе ба Хуҷанд баъд аз он иттифоқ афтод, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҳалокати Ҳамза Икромзодаро зери назари худ гирифт.
Моҳи ноябри соли гузашта пайвандони маҳбусон дар назди бинои Додситонии кулли Тоҷикистон ҷамъ омада, талаб карданд, ки интиқоли фарзандонашон ба Хуҷанд ва шиканҷа шудани онҳоро шарҳ диҳанд. Мақомот гуфтанд, ки ин иқдом дар доираи тадобири муқаррарии зиндонҳо гирифта шудааст ва мавориди шиканҷа аслан вуҷуд надорад.