Чаро Акмал Шамсов ҳашт сол ба артиш нарафт?

Чаро Акмал Шамсов ҳашт сол ба артиш нарафт?

Наздикони Акмал Шамсов, сокини ноҳияи Бохтар иддао карданд, ки писари онҳо дар вақти"облава" латукӯб ва дар бемористон бистарӣ шудааст. Вазорати дифоъ мегӯяд, ки ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

Наздикони Акмал Шамсов, сокини деҳаи Эргаши ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар иддао доранд, ки кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳия ҳангоми бо зӯрӣ ба бинои комиссариати ҳарбӣ бурдани фарзанди онҳо бо ӯ бадрафторӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки бар асари латту кӯб ин ҷавон дар Шӯъбаи ҷарроҳии асаби беморхонаи ба номи Бӯри Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа бистарӣ шудааст. Аммо мақомоти низомӣ мегӯянд, ки дар вақти ҷалби Акмал Шамсов кормандони комисариат ҳузур надоштанд ва даъвати ҷавонон ба артишро кормандони ҷамоати деҳоти "Бӯстонқалъа" анҷом медоданд. 

Акмал Шамсов 28 сол дорад ва ба гуфтаи хонаводааш "даҳмарда" ё гусфандпарвар буд ва аз ин ҳисоб ба хонаводааш кӯмак мекард. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ӯ 8 сол боз аз хизмат дар артиш сарпечӣ кардааст.

Саидмаҳмад Шамсов, амаки Акмал Шамсов рӯзи 22 октябр дар заминаи шарҳи ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соатҳои тақрибан 3-и рӯзи гузашта ҳудуди 8 нафар кормандони Комиссариати ҳарбӣ ин ҷавонро дар назди мактаби рақами 38 латтукӯб карданд. 

“Соли тавалуди Акмал 1988 аст, аз қабл мушкили руҳӣ дошт ва коғази духтур барои хизмати ҳарби корношоям (негодный) дорад. Боз дар вақте, ки кашокаш карданд, дар сараш чанд зарбаи сахт хурд, аз дирӯз то ҳол дар беморхона аст.”

Ҳукумати ноҳияи Бохтар дар ҷануби Тоҷикистон занозаниро дар вақти ҷалби ин ҷавон ба сарбозӣ тасдиқ карда гуфт, ки пулиси ноҳия шоҳидони ҳодисаро мавриди бозпурсӣ қарор додааст ва ин қазияро омӯхта ва назари ниҳоияшро баён мекунад.

Абдулло Зикруллоев, духтури шӯъбаи ҷароҳии асаб дар беморхонаи ба номи Бӯри Воҳидови Қӯрғонтеппа 22 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Акмал Шамсов осеби ҷиддӣ дидааст. Зикруллоев гуфт, ки бинобар ташхиси тиббӣ Акмал Шамсов аз ноҳияи сараш зарба хӯрдааст ва хун ба косахонаи сар гузаштааст. 

Аҳмад Ашӯралиев, комиссари ҳарбии ноҳияи Бохтар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ даъвоеро, ки дар вақти ҷалби як ҷавон ба сарбозӣ ба миён омадааст тасдиқ кард. Аммо гуфт, ки дар вақти ҷалби Акмал Шамсов кормандони онҳо ҳузур надоштанд, балки даъват ба артишро кормандони ҷамоати деҳоти "Бӯстонқалъа" анҷом доданд.

Аҳмад Ашуралиев гуфт, ҳодиса чуноне, ки пайвандони Акмал Шамсов нақл мекунад нест. Баръакс кормандони ҷамоат мехостаанд, ки ба чандин ҷавон даъватномаҳоро тақсим кунанд, аммо гурӯҳе аз волидайн ба кормандони ҷамоат ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин моҷаро кормандони ҷамоат низ осеби ҷисмонӣ бардоштаанд. Ашӯралиев гуфт, ки пулиси ноҳия ин қазияро тафтиш дорад ва гунаҳгори аслии ин қазияро муайян мекунад.

Зӯҳро Баротова, модари Акмал Шамсов низ иддао дорад, ки ҳангоми раҳо кардани писараш аз ин заноназӣ ӯро низ ба замин тела додаанд ва ӯ аз ҳуш рафт. Ба гуфтаи Баротова, духтурҳо ӯро низ ҳамроҳ бо писараш ба бемористон бурданд. 

Дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса гуфт, ки сабабҳои аслии рух додани ин ҳолатро таҳқиқ намуда ва сипас онро шарҳ хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон чанд рӯз қабл дар мавриди вуҷуди “облава” гуфта буд, ки аз оғози даъвати тирамоҳӣ ба артиш, ҳамагӣ ду нафар аз ҷалби маҷбурии ҷавонон ба хизмат шикоят кардаанд, ки дар зудтарин фурсат ба мушкили онҳо расидагӣ шудааст. Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, аз оғози мавсими тирамоҳии ҷалби ҷавонон ба сафи артиш, то кунун беш аз 70 дар сад иҷро шудааст.

Ozodi