Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик аз сабаби пайдо шудани санг дар гурдаҳояш ҷарроҳӣ мешавад.
Худи Шаҳбол дар суҳбат ба TojNews гуфт, ҳоло дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд қарор дошта, интизори натиҷаи ташхис мебошад.
-Ҳарду гурдаам санг доштааст, ҳозир интизор ҳастем, ки натиҷаи ташхис муайян мешавад ва маро ҷарроҳӣ мекунанд. Қариб як ҳафта мешавад, ки таб дорам ва вазъи саломатиам хуб нест,-мегӯяд Шаҳбол Мирзоев.
Дубора бад шудани вазъи саломатии Шаҳбол Мирзоев дар ҳолест, ки як ҳафта қабл ӯ аз беҳ шудани вазъи саломатиаш изҳори хурсандӣ карда буд.
Ӯ дар суҳбат бо хабарнигори TojNews дар шаҳри Хуҷанд гуфта буд, ки акнун дарди пойҳояшро ҳис карда, беҳ шудани вазъи саломатиашро умед дорад. То кунун пойҳои ӯ фалаҷ буд, ки ягон ҳиссе надошт.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт 8-уми марти соли 2014 аз ҷониби ҳамхидматонаш дар қисми ҳарбии 2620-и Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ мавриди латукӯби шадид қарор гирифта буд. Бар асари ин ҳодиса гардани Шаҳбол шикаст.
Баъди рух додани ин ҳодиса Усмоналӣ Ғайратов, ҳамхидмати Шаҳбол бо иттиҳоми латукӯби ӯ боздошт шуда, 19-уми июн ба 9 соли ҳабс маҳкум шуда буд.
Ҳамчунин Гулрухсор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии мазкур дар ин қазия гунаҳкор дониста шуда, қарор шуд то даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда шавад.
Падари Шаҳбол Мирзоев аз Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки қисми низоми 2620 тобеи он аст, 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам ҷуброни зарари моддӣ талаб карда буд. 25-уми майи соли 2015 Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе қарор баровард, ки Сарраёсат ба хонаводаи Шаҳбол 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам ҷуброни зарари моддӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад. Вале 6-уми август Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон дар пайи баррасии шикояти кассатсионии ҷавобгар, пардохти зарари модӣ ва маънавӣ ба сарбози латту кӯбшударо бекор кард.