Ҷасади сарбози нерӯҳои марзбониро аз гӯр берун оварданд

Сарраёсати нерӯҳои маркзабонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пайи даъвои падари сарбоз Нуралӣ Ҳайдаров ҷасади ӯро аз қабр берун оварда, ташхис кардаанд.

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар номае ба унвони Радиои Озодӣ иллати марги Нуралӣ Ҳайдаров -- сокини Шаҳритус ва сарбози қисми сарҳадбонӣ дар ноҳияи Ишкошимро ошкор кардааст. Дар ин нома, ки 11 август ба дасти Озодӣ расид, гуфта мешавад, Ҳайдаров на ҳамон тавре ки падараш иддао дорад, аз тир, балки баъди ғарқ шуданаш ба дарёи Панҷ ҷон додааст. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ҷасади Нуралӣ Ҳайдаровро дар пайи даъвои падараш аз гӯр берун оварда, ташхис кардаанд.

Номаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар бораи марги Нуралӣ Ҳайдаров:

“Дар ҳақиқат, сарбози қаторӣ Ҳайдаров Нуралӣ Мирзоалиевич баҳори соли 2014 аз тарафи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, барои идома додани хизмати ҳарбии ҳатмӣ ба Отряди сарҳадии «Ишкошим»-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонда шуда буд, ки дар онҷо хизмати Модар-Ватанро сарбаландона пеш мебурд.

Сарбози қатори Ҳайдаров Нуралӣ Мирзоалиевич дар яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии қисми ҳарбии номбаршуда хизмат намуда истода, 22-юми июли соли равон дар вақти адои хизмат, яъне наряди сарҳадӣ соати тахминан 03:30 бе ягон сабабҳои узрнок, бо яроқи оташфишони ба ӯ вобастагардида, ҷойи хизматро худсарона тарк намуда ба самти номаълум ғайб мезанад. Худи ҳамон рӯз аз тарафи роҳбарияти қисми ҳарбӣ, гурӯҳи кофтукобӣ ташкил карда шуда, барои ҷустуҷӯи сарбози қаторӣ Ҳайдаров Нуралӣ равон карда мешавад.

Дар натиҷаи чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ, 28 июли соли равон, дар наздикии деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим, ҷасади номбурда аз шохоби дарёи Панҷ дарёфт мегардад, аммо яроқи вобасташуда ва 120 дона тирҳое, ки сарбози қаторӣ Ҳайдаров Нуралӣ ҳангоми тарки маҳалли хизмат бо худ бурда буд, то ҳол ошкор нагардидаанд.

Падари сарбози маҳрум – Ҳайдаров Мирзоалӣ ба рӯзноманигор хабар додааст, ки дар пешонии писараш Ҳайдаров Нуралӣ захми тирро пайдо намудааст. Дар асоси талаботи падари Ҳайдаров Нуралӣ, 7 августи соли 2015, бо қарори Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияи экспертӣ барои гузаронидани тафтишоти судию тиббӣ, криминалистӣ ва патологоанатомии (эксгумация) ҷасади Ҳайдаров Нуралӣ, ташкил карда шуд.

Ҳайати гурӯҳ, аз кормандони Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураи ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон, прокуратураи ноҳияи Шаҳритус, намояндагони Ҳукумати маҳаллӣ ва мутахассисони беморхонаи ноҳиявии Шаҳритус иборат буда, пас аз гузаронидани чорабиниҳои тадқиқотӣ ва санҷишӣ, ба чунин хулоса омадаанд, ки сарбози қатори Ҳайдаров Нуралӣ, ҳангоми ғарқ шудан дар об ҳалок гардидааст.

Падари сарбоз Ҳайдаров Мирзоалӣ, низ дар ин чорабинӣ иштирок намуда, шахсан ҷасади Нуралиро муоина намуд ва боварӣ ҳосил намуд, ки дар тани писараш ягон нишони зӯроварӣ ва захми тир вуҷуд надорад ва дар натиҷаи ғарқ шудан дар об ҳалок гардидааст. 

Умуман, дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ муносибат байни хизматчиёни ҳарбӣ дӯстона буда, хизматчиёни ҳарбӣ оиди таъмини сару либос, пойафзол ва ғизо нисбат ба солҳои гузашта хубтар таъмин мебошанд. Илова бар ин, аз тамоми рӯзноманигорон хоҳиш менамоем, ки нодидаю носанҷида инъикос намудани ҳодисаҳоро дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хотима диҳанд. Ҳодисаро ҳаматарафа омӯхта ва дар асоси маълумоти дақиқ нашр намоянд.”

Ozodi