Чӣ тавр сабти видеоиро аз телефон дар бораи истифодаи қувваи ҷисмонӣ аз ҷониби кормандони милитсия истифода бояд бурд, то он ҳамчун далел эътироф шавад?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Чӣ тавр сабти видеоиро аз телефон дар бораи истифодаи қувваи ҷисмонӣ аз ҷониби кормандони милитсия истифода бояд бурд, то он ҳамчун далел эътироф шавад?

ПОСУХ: Барои он ки сабти видеоӣ аз телефон дар суд ҳамчун далел эътироф шавад, боварӣ ҳосил кунед, ки сабт равшан ва хуб намоён аст. Муҳим аст, ки дар сабт чеҳраҳо, амалҳо ва аз рӯйи имкон садоҳо намудор бошанд. Сабти видеоӣ набояд таҳрир ё тағйир дода шавад. Ҳар гуна манипулятсияи сабт метавонад эътимоднокии онро зери шубҳа гузорад. Метамаълумоти аслии файл (сана, вақт, макони сабт)-ро ҳифз кунед. Ин барои тасдиқи дурустии сабт кумак хоҳад кард. Оид ба ҳодиса бо замимаи сабти видеоӣ ба прокуратура ариза пешниҳод намоед. Тамоми ҷузъиёти ҳодисаро нишон дода, нусхаи сабтро пешниҳод кунед (банди 5, қисми 1, моддаи 78; қисми 2, моддаи 82 ва қисми 4, моддаи 86 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ба адвокате муроҷиат намоед, ки метавонад барои дуруст таҳия ва пешниҳод кардани сабти видеоӣ дар суд кумак расонад.

Дар сурати поймол шудани ҳуқуқҳоятон шумо метавонед ба мақомоти дахлдор шикоят кунед ё барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ баҳри дарёфти ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат намоед.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube:   https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj