Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
«Иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022»
(Матолиби иштирокчиёни семинар)
Дар доираи семинари омўзишие, ки рўзҳои 17-18-уми августи соли 2020 дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) баргузор гардид, ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, то оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матолиби иттилоотӣ омода намоянд.
Дар ин силсила ба таваҷҷуҳатон матолиби аз ҷониби иштирокчиёни семинар омодашударо пешкаш месозем.
“Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои бандҳои 9 ва 20 Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 иттилоъ медиҳад.
Вобаста ба банди 9-и нақшаи зикргардида Агентии омор дар асоси дархости Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикисгон ҳисоботи омории Шакли №1 (нимсола, солона) ”Ҳисоботи кори суди марҳилаи якум оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ”-ро бо назардошти тағйиру иловаҳо бо Фармоиши Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2018, №65 тасдиқ намуда, барои корбарӣ ба Суди Олӣ ирсол намуд. Шакли мазкур аз 7-фасл иборат буда, дар фасли 1 маълумотҳо оиди ҳаракати парвандаҳои ҷиноятӣ ва шахсон, дар сатри 36 оиди шиканҷа — моддаи 143.1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сутуни 1 то 17-ро дар бар мегирад. Инчунин дар фасли 2 оиди ҷазои таъиннамуда нисбати маҳкумшудагон, таъинотхои хусусӣ, ташфиқоту тарғибот ва дар фасли 7 сатри 1 маълумот оид ба шумораи дархостҳо оид ба шиканҷа шудани судшавандаҳо (шумораи дархостҳои воридгардида ва қонеъгардонидашуда) нишон дода шудааст.
Ҷиҳати иҷрои банди 20-и нақша қайд кардан ба маврид аст, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 бо дастгирии Агентии рушди байналмилалии ИМА (ЮСАИД), Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Хазинаи нуфуси смм (ЮНФПА) Таҳкикоти Тиббӣ — Демографии Точикистонро дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронид.
Дар Таҳқиқоти Тиббӣ — Демографӣ дар қатори маълумотҳо оид ба некуахволии хонаводаҳо, бақайдгирии таваллуд, фавти кӯдакони синни то 1 сола ва то 5 сола, масъалаҳои гендерӣ ба монанди мақоми зан дар шуғл, ҳуқуқу уҳдадориҳои занон, вазъи солимии модарон ва кӯдакон, вазъи оилавии занони синни қобили таваллуд 15-49 сола, вазьи таваллудкунӣ, банақшагирии оила, вазъи исқоти ҳамл, вазъи ғизои занон ва кӯдакон, бемориҳои сироятие, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, инчунин маълумотҳо вобаста ба масъалаҳои зуроварӣ дар оила нисбат ба занон ва дигар масъалаҳо оид ба тарбияи кӯдакон ҷамъоварӣ гардида, мавриди омӯзиш қарор дода шуданд ва пешкаши истфодабарангони маълумотҳои оморӣ гардиданд. Бояд қайд намуд, ки маълумотҳои аз таҳқиқоти мазкур ба даст омада яке аз манбаъҳои асосӣ барои баҳо додани зуроварии хонаводагӣ маҳсуб меёбад.
Мусаллам ба зикр аст, ки ҷиҳати мукаммал гардонидани ҷамъоварии маълумотҳои оморӣ оид ба зуроварӣ дар оила бо вазорату идораҳои марбута ҳамкориҳо идома доранд.
Ҳамзамон аз руи ҳисоботҳои омории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шумораи парвандаҳои баррасигардида вобаста ба зӯроварӣ дар оила ва шумораи маҳкумшудагон маълумот ҷамъоварӣ карда мешавад.
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022-ро таҳти назорат қарор дода, иҷрои онро таъмин менамояд.
Маҳмадзода Ҷ.
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Имло ва мавқеи муаллиф ҳифз шудааст.
Матлаби мазкур дар доираи семинари омўзишӣ барои рўзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисон оид ба робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ дар мавзўи "Ҳамкорӣ ва такмили малакаҳо дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона" дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амал оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст ва "Пешбурди ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона" бо дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад омода гардидааст.