Ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2025 афзоиш ёфтааст

Ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2025 ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Бино ба маълумоти вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, дар ин давра дар кишвар 13 ҳазору 89 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки 11 ҳазору 804 ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд, 1285 ҳолат зиёд мебошад.

Аз ҷумлаи ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда 28 ҳодисаи куштор ва сӯиқасд ба ҳаёт, 20 ҳолати роҳзанӣ ва 57 ҳодисаи ғоратгарӣ мебошад. Ҳамчунин 24 ҳодисаи таҷовуз ба номус, 762 ҳодисаи авбошӣ, 2356 ҳодисаи қаллобӣ, 2182 ҳодисаи дуздӣ, 64 мавриди қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва 33 ҳодисаи тамаъҷӯӣ сабт шудааст.

Илова бар ин, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 486 ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор шудааст. Вазири корҳои дохилӣ таъкид кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарфи назар аз афзоиши ҷиноятҳо дар самти пешгирӣ ва ифшои онҳо корҳоро идома медиҳанд.

NotortureTj