Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Аз 13 то 20-уми октябри соли 2025 мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона силсилаи вохӯриҳои иттилоотиро бо адвокатҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор намуд.
Дар рафти вохӯриҳо оид ба фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маълумот дода шуд. Мутахассис инчунин дар бораи лоиҳаи "Роҳ ба сӯйи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, суханронӣ карда, омодагии худро барои ҳамкории минбаъда бо адвокатҳои минтақа изҳор дошт.
Чорабиниҳои иттилоотӣ дар шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Конибодом, Гулистон, инчунин дар ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Зафаробод гузаронида шуданд. Дар рафти вохӯриҳо масоили амалияи ҳуқуқистифодабарӣ, стандартҳои байналмилалӣ, инчунин тағйирот дар қонунгузории миллӣ баррасӣ гардиданд. Таваҷҷуҳи махсус ба нақши адвокатҳо дар муайян намудан ва пешгирии ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати боздоштшудагону маҳкумшудагон зоҳир карда шуд.
Ба адвокатҳо китоби "Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо", инчунин брошюраҳои иттилоотӣ дар бораи фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ тақдим карда шуданд.
Дар чорабиниҳо зиёда аз 20 адвокат иштирок карда, андешаҳои худро баён ва имкониятҳои ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намуданд.
Чорабиниҳои иттилоотӣ ба боло бурдани огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон дар бораи озодӣ аз шиканҷа, инчунин шинос кардани адвокатҳо бо фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон равона карда шуда буданд.