Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Таъмини риояи доимӣ ва қатъии тартиби тозакориву безарагардонии муҳити зист муҳим аст. Барои тозакории стандартӣ, ки ба сифати чораҳои эҳтиёткорӣ гузаронида мешавад, истифодаи об, воситаҳои шӯяндаву поксозанда ва безараргардонии бино, ки барои истифода дар муассисаҳои пенитенсиарӣ бехатаранд, тавсия дода мешавад.
Кормандони масъули тозакории биноҳо бояд дар бораи мавҷудияти ҳолатҳои бақайдгирифташудаи COVID-19 иттилоъ дошта бошанд, то тамизкории ҳудудҳо ба таври доимӣ ва қатъӣ гузаронида шавад. Ҳангоми тозакории ҳудудҳо, кор бо либос ё рахти хоб ва ифлосшавӣ аз маҳлулҳои биологӣ, бояд ба кормандон дастпӯшакҳои яккарата таъмин карда шавад. Ҳатман бояд гигиенаи дастҳо то ва баъди баровардани дастпӯшакҳо гузаронида шавад.
Бо дарназардошти қобилияти зинда мондани вируси COVID-19 тӯли чанд рӯз дар ҳудудҳо, пеш аз истифодаи такрории бино ва муҳити зисте, ки метавонанд ба олудашавӣ дучор гарданд, бояд бо истифода аз воситаҳои стандартии поксозии биноҳо тозакорӣ гузаронида шавад. Баъдан, бино ва муҳити зистро бо воситаҳои дорои иловаҳои маҳлули гипохлориди натрий безарар гардонидан лозим аст. Ҳудудҳое, ки дар онҷо истифодаи гипохлориди натрий мумкин нест, бояд 70 % бо спирти элитӣ коркард карда шаванд. Дар сурати бо маҳлули гипохлориди натрий ва спирти элитӣ таъмин карда натавонистани муассиса, бояд воситаҳои дигаре барои поксозии бино истифода шаванд, ки муқобили вирусҳо таъсири фаъол дошта бошанд. Шояд ба маъмурияти маҳбасҳо зарур ояд, ки бо истеҳсолкунандагони воситаҳои поксозӣ дар мавриди самаранок будани кадом намуди маҳсулоташон муқобили коронавирус машварат намоянд.
Барои таъмини безараргардонии босифат, поккорон ва кормандони хоҷагидорӣ-техникиро зарур аст, ки пешакӣ ҳудудҳоро бо собуну об ё воситаҳои поксозӣ бишӯянд. Баъдан, бояд воситаҳои безараргардонӣ истифода гардида, то гузаштани муҳлати муқарраркардаи истеҳсолкунанда тоза карда нашаванд. Либос, ҷойхоб, сачоқ барои ҳаммом ва поксозии дастон ва ѓайраро дар об бо собуни оддии хоҷагидорӣ ва ё дар мошинаи шустушӯӣ бо ҳарорати 60-90 °C бо истифода аз воситаҳои оддии шустушӯӣ шустан мумкин аст.
Чораҳо барои таъмини канорагирии ҷисмонӣ
Дар робита ба пурзӯр шудани хатари интиқоли сирояти COVID-19 миёни нафароне, ки дар маҳбасҳо ва дигар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс қарор доранд, агар онҳо аз ноҳияҳои дорои хатари зиёд дидану зиндагӣ карда ва давоми 14 рӯзи то лаҳзаи дар онҳо маълум шудани нишонаҳои сироятёбӣ онҷо қарор дошта бошанд, кулли кормандони муассисаҳои пенитенсиариро лозим аст, ки эҳтиёткории хоса зоҳир намоянд.
Дилхоҳ нафари дар ҳабс қарордошта, ки (а) аз ноҳияи дорои хатари зиёд омада ва ё онҷо зиндагӣ кардааст, ё (б) бо ҳолати эълонгардидаи сирояти COVID-19 робита доштааст, бояд ба карантин фаро гирифта шавад. Агар ҷойгир кардани нафари дар ҳабс қарордошта дар тавқифгоҳи тиббии дорои як ҷой имконнопазир бошад, пас тӯли тамоми давраи карантин чанд нафари дар ҳабс қарордоштаро метавон дар як бино якҷоя ҷойгир намуд. Ҳангоми интиқол ба тавқифгоҳи тиббӣ мизоҷро лозим аст, ки аз ниқоби тиббӣ барои рӯй истифода барад. Давоми тамоми давраи канорагирӣ санҷиши тиббиро ҳадди ақал ду маротиба дар як рӯз бо дарназардошти ҳарорат ва баҳогузории вазъи мизоҷ барои муайянсозии нишонаҳои COVID-19 амалӣ кардан лозим аст.
Инчунин, баҳогузории он лозим аст, ки оё мизоҷ аз лиҳози донистани забон ва муошират ягон мушкилӣ дорад ё не ва дар ҳолати зарурӣ ҳадди ақал дар муҳлатҳои кӯтоҳ баъди ворид гардидани шахс бо эҳтимоли ҳолати сироятёбӣ ба тавқифгоҳ ба ӯ кумак дар шакли тарҷумаи шифоҳӣ ва ё хаттӣ бояд расонида шавад, ки барои ҷамъоварии мувофиқи маълумоту нишондод муҳим аст.
Чораҳое, ки баррасиашон имкон дорад, метавонанд ба дидори хешовандон, ихтисори шумораи боздидкунандагон ва/ё давомнокиву басомади мулоқотҳо, инчунин амалисозии алоқаи видео-конфронс чун воситаи робита бо хешовандон (мисол, Skype) ва намояндагони системаи адолати судӣ, масалан адвокатҳо, маҳдудият ба миён оранд. Аз ҷумла, баррасии имконияти амалисозии тартиби таҳқиқ ҳангоми вуруд ба ҳудуди маҳбас/ҷойи нигоҳдорӣ дар ҳабс бо мустақилона пур кардани анкета барои истисно намудани мавҷудияти нишонаҳои ишорашуда; дар хона мондан ва аз муассиса дидан накардани боздидкунандагоне, ки худро нохуб ҳис мекунанд; дар хона мондан ва барои дарёфти кумаки тиббӣ муроҷиат кардани кормандон дар ҳолати дар онҳо ба мушоҳида расидани нишонаҳои беморӣ.
Чӣ бояд кард, агар корманди муассиса худро нохуб ҳис кунад?
Агар корманди муассисаи пенитенсиарӣ дар ҷойи кор қарор доштаву худро нохуб ҳис кунад ва ё дар ноҳияе зиндагӣ дошта бошад, ки айни замон паҳншавии COVID-19 ба мушоҳида мерасад, бояд дар бинои махсусе ҷойгир карда шавад, ки онҷо тавонад дар масофаи на камтар аз 1 метр дур аз дигар одамон қарор гирад. Аз рӯйи имконият, барои ӯ ҳуҷра ва ё ҷои корие масалан чун утоқ барои кормандони бақайдгирӣ пешниҳод кардан лозим аст, ки тавонад онҷо паси дари баста дар алоҳидагӣ қарор дошта бошад. То ҷойи имкон, барои шамолгирии бино тирезаро кушодан зарур аст.
Кормандони тиббии муассиса (ё худи корманде, ки худро бад ҳис мекунад) бояд дар ҳолатҳои фавқулодда бо ташкилотҳои тандурустӣ ё хадамоти кумакрасонӣ дар тамос шаванд (агар беморӣ ҷараёни ҷиддӣ дошта бошад ё ба ҳаёт таҳдид кунад), манзараи клиникиро тасвир созанд ва оид ба нишондоди эпидемиологиву сафар хабар диҳанд. Агар шахс бо сабабе натавонад бо табиб дар тамос шавад, дигар корманди муассиса бояд аз номи ӯ занг занад.
Ҳангоми интизор шудани табиб ё то омада расидани контейнери ёрии таъҷилӣ шахсе, ки худро бад ҳис мекунад, бояд дар масофаи на камтар аз 1 метр дур аз дигар одамон ва ё аз рӯйи имкон паси дари баста дар алоҳидагӣ қарор гирад. Инчунин, барои ӯ канорагирӣ аз наздикшавӣ бо дигар одамон, ҳудудҳо ва ашёҳо зарур аст. Барои ин ба ӯ ниқоби тиббӣ додан лозим аст. Агар таъмини ниқоби тиббӣ имконнопазир бошад, ҳатман бояд тавсия дода шавад, ки ҳангоми сулфа ё атсазанӣ биниву даҳон бо сачоқчаи яккарата пӯшонида ва баъдан он ба халта гузоштаву ба контейнер партофта шавад. Дар сурати набудани сачоқча, ӯро аз одоби нафаскашӣ огоҳонидан лозим: ҳангоми сулфа ё атза задан даҳону биниро бо хамии оринҷи даст пӯшонидан лозим аст.
Агар ба нафари худро нохуб ҳискарда ва дар интизори кумаки тиббӣ ҳоҷатхона лозим шавад, барои ӯ аз рӯйи имконият ҳоҷатхонаи алоҳида пешниҳод кардан лозим аст. Ин танҳо ба муддати интизори нақлиёт будан барои ба беморхона интиқол додан дахл дорад. Бо дарназардошти хавфи олудашавии муҳити зист, пешбинии тозакориву безараргардонии босифати ҳоҷатхона муҳим аст. Инчунин, дар ҷойе, ки шахс интизори кумаки тиббӣ нишастааст, гузаронидани поксозиву безараргардонӣ лозим аст.
Манбаъ: Ҳуҷҷати Омодагӣ, пешгирӣ ва назорати COVID-19 дар маҳбасҳо ва дигар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс: https://apps.who.int/iris/bitstream/handle/10665/336526/WHO-EURO-2020-1405-41155-55955-rus.pdf?sequence=1&isAllowed=y