Ҷустуҷӯи ҷавони аз «облава» гурехта муваққатан қатъ шуд

Ҷустуҷӯи ҷавони 19-солаи шаҳри Роғун, ки рӯзи 19-уми апрел ҳангоми гурехтан аз «облава» худро ба дарё андохта буд, боздошта шудааст.

Дар ин бора хабаргузории «Азию-плюс» хабар дода, бо истинод ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ меафзояд, ки ҷасади ҷавон то ҳол дарёфт нашудааст.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ин хабаргузорї гуфтаанд, ки «бо сабаби пеш омадани офатҳо, наҷотдиҳандагон имкони идома додани ҷустуҷӯро дар дарё надоранд. Дигар ин ки, кормандони КҲФ ҳоло барои бартараф кардани зарари офатҳо дар ноҳияи Рӯдакї сафарбар шудаанд ва мо муваққатан ҷустуҷӯи ҷасадро боздоштем».

Қаблан расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки сокини 19-солаи шаҳри Роғун Қиёмиддин Шарифов ҳангоми «облава» худро ба дарёи «Вахш» партофта, ғарқ шудааст.

NoTorture.Tj