COVID-19 ва ҳабс

Дар доираи таҳлили ҳуқуқӣ бахшида ба омӯзиши имкониятҳои амалисозии институти озмоишӣ ва рушди чораҳои алтернативии ҷазои ҷиноятии ба маҳрумият аз озодӣ алоқаманд набуда дар Тоҷикистон, муаллифон дар навбати аввал сари масоили паҳншавии сирояти коронавирус дар муассисаҳои пенитенсиарӣ тамаркуз кардаанд.

Соли 2020 дар ВАО оид ба садҳо ҳолати хурӯҷи бемории КОВИД-19 дар маҳбасҳои Чин ва Эрон, инчунин дар бораи ҳолатҳои фавт дар кишварҳои гуногун - аз Кения ва Ҳиндустон то Белгияву Испания хабар дода шуд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар давраи нахустини пандемия огоҳ карда буд, ки «агар ба чораҳои санҷиши сироятӣ дар муассисаҳои ислоҳотӣ таваҷҷуҳи лозима дода нашавад, талошҳои фарогири мубориза бо паҳншавии беморӣ метавонанд даст надиҳанд».

Хурӯҷи дилхоҳ бемории сироятӣ барои маҳбасҳо бо сабаби осебпазирии аҳолии маҳбас хатари ҷиддӣ дорад. Нафарони дар шароити ҳабс қарордошта бо чанд сабаб осебпазиранд, дар навбати аввал аз сабаби наздик зистан (ё кор). Нафарони маҳбус инчунин хусусиятҳои умумии демографӣ доранд, чун қоида, назар ба дигар қишри аҳолии ҷомеа вазъи саломатиашон нохуб аст.Стандартҳои гигиенӣ поинтар аз онҳое қарор мегиранд, ки дар ҷомеа вуҷуд доранд ва баъзан омилҳои бехатарӣ ё инфрасохтор имконияти шустани дастҳо ё таъминот бо дастрасӣ ба воситаҳои безараргардониро маҳдуд месозанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ моҳи марти соли гузашта чораҳои асосии ҳимоявиро дар шароити пандемияи COVID-19 нашр кард, ки ду ҷузъи калидӣ ба он дахл доранд: ҳар замон шустани дастҳо ва риоя намудани масофа аз дигарон. СҶТ инчунин маслиҳат медиҳад, ки аллакай дар марҳилаи аввал дар ҳолати таб, сулфа ё душворгардии нафаскашӣ барои кумаки тиббӣ муроҷиат карда шавад.

Тавре дар Қоидаҳои стандартии ҳадди ақали СММ нисбати муносибат бо маҳбусон (Қоидаҳои Нелсон Мандела) пешбинӣ гардидааст, тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон, ҳар як шахс ба сатҳи баландтарину дастраси саломатии ҷисмонӣ ва равонӣ ҳуқуқ дорад. Вақте давлат ягон нафарро аз озодӣ маҳрум мекунад, барои расонидани кумаки тиббӣ, ҳимоя ва устуворсозии саломатии ҷисмониву равонӣ ва бурдбории ин шахс уҳдадорӣ мегирад. Ин уҳдадорӣ басо муҳим аст, чун маҳбусон интихоби дигар надоранд, ба ҷуз ин ки ба мақомоти давлатӣ такя кунанд, то саломатии худро устувору ҳифз созанд.

Қоидаҳои Нелсон Мандела инчунин баробарии ҳифзи тандурустиро талаб мекунанд, яъне таъминоти тиббӣ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ чун дар ҷомеа бошад. Аммо, дар таҷриба, хидматгузориҳои тиббие, ки бисёр маҳбусон ба даст меоранд, сифати хеле паст доранд, бархе ҳатто тамоман табобат намегиранд.

Одатан ҳолати гигиенӣ ва инфрасохтор дар маҳбасҳо бадтар аз беруни онҳост ва ин монеа барои риояи меъёрҳои санитарии тавсияшуда мегардад. Дастрасӣ ба об баҳри нигоҳдошти гигиена бо сабаби мавҷуд набудани инфрасохтор барои таъмини ҷумакҳо дар ҳар як камера ва хобгоҳҳо маҳдуд аст. Дар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс бисёр вақт собун дастрас карда намешавад. Дар бисёр маҳбасҳо воситаҳои безараргардонӣ барои дастҳо дастрас нестанд ва одатан бо сабаби дар дохилашон вуҷуд доштани маводи спиртӣ қочоқ шуморида мешаванд.

Қоидаҳои стандартии ҳадди ақали Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба чораҳои ба ҳабс алоқаманд набуда бо қарори 45/110-и Ассамблеяи Генералӣ 14-уми декабри 1990 қабул гардидааст, ки қаблан ҳам бо номи токиягӣ шинохта шуда, дар давраи хурӯҷҳое чун сирояти коронавирус муҳиму саривақтиянд.

Дар мубориза бо пандемияи коронавирус ҳукуматҳои ҳамаи давлатҳо махсусан бояд Қоидаҳои токиягиро ба роҳбарӣ бигиранд, то оқибатҳои вазнини бемориро пешгирӣ намоянд, он чиро, ки Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон огоҳӣ дода буд. Ҳукуматҳои баъзе давлатҳо бо дарназардошти чораҳои алтернативӣ қисми зиёди маҳбусонро аз маҳбасҳо озод карданд ва ҷойгирсозии нафарони нав ҳабсшударо дар муассисаҳои ислоҳотӣ ҳадди ақал маҳдуд карданд.

«Чунин сиёсатро тадриҷан паҳну васеъ кардан зарур аст»,- чунин мешуморанд муаллифони «Тамоюлҳои ҷаҳонӣ дар системаи маҳбасҳо» - гузориши асосии ҳарсолаи ташкилоти «Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо - PRI». Онҳо тавсия медиҳанд, ки дастгирии сиёсии ҳабси алтернативӣ дар доираи ислоҳоти дарозмуддат тақвият дода шавад.

Алтернативаҳо ба ҳабси пешакӣ ҳуқуқҳои айбдоршавандагонро беҳтар ҳимоя мекунанд. Ба ѓайр аз ин, маълум шудааст, ки онҳо, чун тафтишот, барои коҳиш ёфтани шумораи ҷазоҳои марбут ба маҳрумият аз озодӣ мусоидат менамоянд. Чунин алоқаи миёни ҳабс ва баровардани қарорҳо оид ба маҳрумият аз озодӣ якбора дар чанд таҳқиқот, аз ҷумла таҳқиқотҳое, ки чанде пеш дар Нидерландия ва ИМА гузаронида шуданд, муаррифӣ гардида буд. Баҳогузории алтернативаи маҳрумият аз озодии ба офиятбахшӣ нигаронидашуда исбот намуд, ки онҳо метавонанд сатҳи такроршавии ҷиноятҳоро беҳтар аз ҳабс коҳиш диҳанд.

Ин ки ҳабс ба вазъи ҳуқуқи инсон ва иқтисодиёт таъсир мерасонад, ба таври васеъ ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Ҳамчунин, он ба кӯдакон, оилаҳо, гуруҳҳои алоҳида ва дар умум ба ҷомеа таъсир мерасонад. Дар сатҳи инфиродӣ, вақте ягон нафар ба маҳбас меафтад, хавфи таҳдид ба озодӣ ва бехатарӣ, ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва ҳатто ҳуқуқ ба зиндагӣ ба миён меояд. Чораҳо ва таҳримҳои бо маҳрумият аз озодӣ алоқаманд набуда меавонанд моро аз чунин натиҷаҳо ва нақзи ҳуқуқҳо халос кунанд.

Иҷрои Қоидаҳои токиоӣ баҳри пешгирии аз ҳад зиёд ҷойгиркунонии маҳбусон, ки ҳам барои маҳбусон ва ҳам барои кормандони маҳбас ҳангоми паҳншавии бемориҳои сироятӣ хатароваранд, кумак мерасонад ва аз ҳамин лиҳоз, муаллифони Таҳлили ҳуқуқӣ умедворанд, ки иродаи сиёсии ҳукумати Тоҷикистон дар самти ислоҳоти маҳбасҳо ва дар умум устувор буда, кишвари мо чораҳои алтернативии ҷазои ҷиноятиро тибқи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ менамояд, ки барои ҳуқуқвайронкунандагон мувофиқ буда, ба ҷомеа фоида меораду аз ҳама муҳим, мушкили пуршавии маҳбасҳоро ҳал мекунад.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус дар ҳамаи маҳбасҳои Тоҷикистон ҳафт моҳ мулоқотҳои кӯтоҳу дарозмуҳлат бо маҳбусон манъ карда шуда буд. Бино ба иттилои СРИҶҶ, дар робита бо манъи муваққатии мулоқот барои маҳбусон телефонҳои махсус ташкил карда шуданд, то тавонанд тавассути онҳо бо наздикону пайвандонашон дар тамос шаванд. Тавре сардори СРИҶҶ зикр намуд, «вазъ дар маҳбасҳо дар самти паҳншавии Ковид-19 таҳти назорат аст, ҳамон шароитҳое мавҷуданд, ки дар озодӣ ҳам вуҷуд доранд: нуқтаи тиббӣ, беморхона, табибон, доруворӣ, оксигенератор. Ҳукумат васоили лозимаро ҷудо мекунад, доруворӣ ва таҷҳизот мавҷуд аст. Дар маҳбасҳо карантин эълон карда шуд ва шахсони дорои таби баланд ҳатман ташхис карда мешаванд». Бо мақсади пешгирӣ тибқи дастури Президенти ҶТ Вазорати адлия нақша ва чораҳои махсусеро омода намуд, ки аз 31-уми март дар муассисаҳои пенитенсиарӣ амалӣ карда мешаванд.

Мутаассифона, дар Тоҷикистон маълумот оид ба омори беморӣ дар муассисаҳои ислоҳотӣ нашр намешавад, аммо дар нишасти матбуотии соли гузашта вазири адлияи Тоҷикистон Ашӯриён гуфт, ки «дар муассисаҳои ислоҳотии Тоҷикистон аз оѓози пандемия 98 маҳбус гирифтори пневмония гардида, 11 нафар вафот кардаанд».

Дастрасӣ ба мақомоти мониторинг кафолати асосии озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ба шумор меравад. Ин метавонад нақзи ҳуқуқи инсонро пешгирӣ ва инчунин барои хабар додан оид ба муносибати бераҳмонаву андешидани чораҳо мусоидат намояд.

Тавре дар Таҳлили ҳуқуқӣ зикр гардидааст, дар шароити имрӯза сиёсати шаффофи истифодаи чораҳои вокуниш, аз ҷумла истифодаи алтернативаи ҳабс дар шароитҳое ба мисли паҳншавии сирояти коронавирус дар муассисаҳои пенитенсиарӣ лозим аст. Чораҳои вокуниш на танҳо саломатии равонӣ, балки ҷисмонии маҳбусонро низ бояд фаро гиранд. Ба ѓайр аз ин, чунин сиёсат бояд на танҳо ба бехатариву ҳифзи саломатии нафароне, ки адои ҷазо мекунанд, балки нисбати ҳама кормандони муассисаҳои пенитенсиарӣ равона гардад.

Ёдовар мешавем, ки Таҳлили ҳуқуқӣ дар доираи лоиҳаи «Таҳияи Консепсияи озмоишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гузаронида шудааст.

NoTorture.Tj