Далелҳо дар бораи шиканҷа ё дигар муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ё ҷазои маҳбусон бояд фавран баррасӣ карда шаванд

Ба шумо мунтахаби Стандартҳои ҳадди ақал оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела пешкаш менамоем, ки ҳамасола 18-уми июл ҷашн гирифта мешавад.

Стандартҳои ҳадди ақали мазкур бояд барои мусоидат ба таъмини шароитҳои инсондӯстонаи маҳбасҳо, баланд бардоштани маълумотнокӣ дар мавриди он, ки маҳбусон қисми ҷудонашавандаи ҷомеа мебошанд ва эътирофи арзиши кори кормандони маҳбас ҳамчун хидмати иҷтимоии дорои аҳамияти махсус ба эътибор гирифта шаванд (17-уми декабри соли 2015 бо Қатъномаи 70/175-и Ассамблеяи Генералии СММ қабул шудааст).

«Қоидаи 57

1. Ҳамаи аризаю шикоятҳо бояд фавран баррасӣ гарданд ва ба онҳо бетаъхир ҷавоб дода шавад. Дар сурати рад шудани ариза ё шикоят ё таъхири беасос, шахсе, ки ариза ё шикоят додааст, бояд ҳуқуқ дошта бошад, ки онро ба мақомоти судӣ ё мақомоти дигар пешниҳод намояд.

2. Бояд кафолат дода шавад, ки маҳбусон метавонанд ариза ё шикоятро ба таври бехатар ва махфӣ пешниҳод намоянд, агар аризадиҳанда ё шикояткунанда инро дархост намояд. Маҳбус ва ё шахси дигаре, ки дар банди 4-и Қоидаи 56 зикр шудааст, набояд дар натиҷаи пешниҳоди ариза ё шикоят ба ягон хатари интиқом, таҳдид ё дигар таъсири манфӣ дучор гардад.

3. Далелҳо дар бораи шиканҷа ё дигар муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ё ҷазои маҳбусон бояд аз ҷониби мақомоти мустақили давлатӣ мутобиқи бандҳои 1 ва 2-и Қоидаи 71 фавран баррасӣ ва ба таври беғаразона тафтиш карда шаванд”.

Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муносибат бо маҳбусон (Қоидаҳои Нелсон Мандела)

NotortureTj