Дандони вакилро шикастанд. 15 ҳамкораш ба ҳимоят бархостанд

Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон ва Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа аз боздошт ва шиканҷаи як вакили мудофеъ шикоят карданд.

Ин ду ташкилоти ҷамъиятӣ мегӯянд, Абдулазиз Абдураҳмонзода барои онки талаби кормандони Оҷонсии зидди фасод дар бораи пора додан ба як додрасро рад кард, шиканҷа шудааст ва илова бар он ба зидди худаш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Мақомоти оҷонсӣ ин иддаоро рад карда гуфтаанд, ки вакили дифоъ бо истифода аз мақоми хизматиаш даст ба қаллобӣ задааст.

Саидбек Нуриддинов, раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон рӯзи 7 август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, иддаои мақомот дар бораи даст ба қаллобӣ задани вакили дифоъ асос надорад. Зеро Абдулазиз Абдураҳмонзода бар асоси шартномаи имзошуда аз муштарӣ ҳаққи кор гирифтааст ва қонун инро манъ намекунад.

Ба гуфтаи Раиси Иттифоқи адвокатҳо, 17 апрели соли равон Абдулазиз Абдураҳмонзода бар асоси тавофуқ бояд ҳаққи корашро аз як муштарӣ мегирифт. Вале ба гуфтаи Раиси иттифоқи адвокатҳо, дар ин ҳол кормандони Оҷонсии зидди фасод вакили дифоъро боздошт карда, ӯро маҷбур мекунанд, ба як корманди додгоҳи Варзоб пора диҳад.

“Кормандони Оҷонсӣ ба адовкат гуфтаанд, ки маблағро бурда ба болои мизи ҳамон корманди суди Варзоб партояд ва онҳо ин корманди судро дастгир кунанд. Адвокат ин корро намекунад. Баъде, ки ин амалиёт намешавад, ба зидди худи адовкат барои қаллобӣ парванда оғоз карданд”- гуфт Абдураҳмонзода. Гӯё ӯ аз як мизоҷаш 500 доллар гирифтааст.

Латукӯб дар утоқи корӣ?

Саидбек Нуриддинов афзуд, агар адвокат воқеан айбдор мебуд, бояд бар асоси қонун амалкардҳои ӯро тафтиш мекарданд. Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа низ бо нашри як баёния аз шиканҷа шудани вакили дифоъ изҳори нигаронӣ кард. Дар баёния аз рӯзи 7-уми август омадааст, ки “ду маъмури оҷонсӣ дар утоқи корӣ Абдулазиз Абдураҳмонзодаро бераҳмона латукӯб карда ва як дандонашро шикастаанд.” Ба Радиои Озодӣ шоми 7-уми август, муяссар нашуд, назари мақомоти оҷонсиро дар бораи ин иддао бигирад.

Вале маълум аст, ки оҷонси моҳи майи имсол бо иттиҳоми “қаллобӣ” ба зидди адвокати ҷавон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва баъди ду моҳи тафтиш дар моҳи июл ба додгоҳи ноҳияи Сино фиристодаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтаанд, ки ин парванда “сохта” аст ва ҳоло 15 вакили дифо аз ҳуқуқи ҳамкори худ дар додгоҳ ҳимоят мекунанд.

Дар баёнияи Эътилофи зидди шиканҷа ҳамчунин омадааст, ки ҳаракатҳои тафтишотӣ ва таҳқиқи парвандаи Абдураҳмонзода бо қонуншиканҳои зиёде сурат гирифтааст. Баъди шикоятҳои вакилони дифои Абдураҳмонзода, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муҳокимаи парвандаро қатъ карда ва бо ирсоли баъзе аз қисматҳои парванда ба додситонии Душанбе хостааст, ки иддаоҳо дар бораи шиканҷа шудани Абдураҳмонзодаро таҳқиқ кунанд.

Вакилони адвокати ҷавон ҳам аз номи ӯ ба додситонии кулл дар бораи шиканҷа шуданаш расман шикоят кардаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки шикоят дар ин заминаро барои баррасӣ ба додситонии Душанбе фиристодаанд. Абдулазиз Абдураҳмонзода бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ мебошад. Ӯ чаҳор сол боз ба ҳайси вакили дифоъ кор мекунад. Қарор буд, мурофиаи додгоҳии ӯ рӯзи 7-уми июл дар Додгоҳи ноҳияи Сино шуруъ шавад, аммо ба сабаби ҳозир нашудани тарафҳо онро ба таъхир андохтаанд.

Ozodi