Дар авҷи даъвати баҳорӣ ба артиш: Боздошти як корманди комиссариати ҳарбӣ бо ҷурми гирифтани пора

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб аз боздошти як корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Муъминобод хабар дод. 

Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, М.Ҳасанов, ки ба ҳайси ёрдамчии калони комисари ҳарбии ноҳия фаъолият мекардааст, рӯзи 11 апрел дастгир шуд. Манбаъ мегӯяд, Ҳасанов барои аз рӯйхати даъватшавандаҳо берун кардани исми як ҷавон 1600 сомонӣ талаб кардааст: “Рӯзи 10 апрел 600 сомониро мегирад ва рӯзи дигар ҳангоми гирифтани 1000 сомонии боқимонда боздошт гардид”.

Дастгир шудани ин нафар дар ҳолест, ки бино ба иттилои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Муъминобод онҳо 67 дарсади нақшаи имсолаи даъват ба сафи артишро иҷро намудаанд. 

Озодагон