Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Қариб чор даҳсола пеш, 26-уми июни соли 1987 Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо эътибор пайдо кард. То имрӯз 174 кишвар узви Конвенсия мебошанд.
Шиканҷа - амали бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҷрибаи ғайри қобили қабул аст. Сарфи назар аз он, ки ҳуқуқи байналмилалӣ шиканҷаро қатъиян манъ мекунад, он дар тамоми ҷаҳон истифода шуда истодааст. Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа ҳамчун даъват ба амал барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла кишварҳои узви СММ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида хизмат мекунад.
Созмони Милали Муттаҳид борҳо нақши муҳими ТҒҲ-ро дар мубориза бо шиканҷа эътироф кардааст. Онҳо дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ ба тарафдории қабули ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид ва таъсиси механизмҳои назорат ҳисса гузошта, дар татбиқи амалии онҳо саҳми арзанда гузоштаанд.
Соли 1948 дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул шуда буд, ҷомеаи ҷаҳонӣ шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазоро маҳкум кард. Соли 1975 ба шарофати фаъолияти пурсамари ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ Ассамблеяи Генералӣ Эъломия дар бораи ҳимояи одамон аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазоро қабул кард.
Давоми солҳои 1980 ва 1990 ҳам дар самти таҳияи меъёрҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ ва ҳам дар қабули чораҳои мушаххас оид ба манъи шиканҷа пешрафт ба даст омад. Соли 1981 Ассамблеяи Генералӣ Хазинаи саҳмгузории ихтиёрии СММ барои қурбониёни шиканҷаро таъсис дод, то ба ташкилотҳое, ки ба қурбониёни шиканҷа ва оилаҳои онҳо кумак мерасонанд, маблағгузорӣ карда шавад. Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ соли 1984 қабул шуда, пас аз се сол эътибор пайдо кард. Назорати иҷрои он аз ҷониби кишварҳои узвро ниҳоди иборат аз коршиносони мустақил - Кумитаи зидди шиканҷа анҷом медиҳад.
"Афзоиши истифодаи шиканҷа дар саросари ҷаҳон ба мушоҳида мерасад,- мегӯяд гузоришгари вижаи СММ оид ба шиканҷа Элис Ҷилл Эдвардс.- Ин то андозае ба афзоиши шумораи моҷароҳои мусаллаҳона вобаста аст. Тибқи маълумоти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон тақрибан сад моҷарои мусаллаҳона ба амал меояд. Мутаассифона, дар баробари моҷароҳои мусаллаҳона шумораи ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ меафзояд”.